Дар Тоҷикистон Академияи бонкӣ ташкил мешавад

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки Академияи бонкӣ таъсис диҳад. Ин  масъаларо муовини раиси ин бонк бо намояндагони Фонди хазинаҳои амонатии Олмон баррасӣ кардааст.

Тавре сомонаи БМТ хабар медиҳад, мулоқоти Гулбаҳор Назирӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Бранко Венерт, коршиноси Фонди хазинаҳои амонатии Олмон 2- уми октябри соли 2023 баргузор гардида, зимни он ҷонибҳо аз ҷумла таъсиси Академияи бонкӣ дар Тоҷикистонро муҳокима кардаанд.

Зимни мулоқот таъкид гардидааст, ки таъсиси академия дар кишвар барои рушди иқтисоди миллӣ ва бахусус низомӣ бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони ин бахш муҳим мебошад.

“Айни замон таъсиси Академияи бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавонад ба талаботи муосири бозори байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад ва сатҳи хизматрасонии молиявиро боз ҳам баландтар бардорад, баррасӣ шуда истодааст. Мо хуб медонем, ки Фонди хазинаҳои амонатии Олмон дар ин самт таҷрибаи ғанӣ дорад ва омодаем масъалаи мазкурро бо Фонди мазкур муҳокима намоем. Зеро барои рушди иқтисоди миллӣ ва бахусус низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусии кормандон муҳим буда, Академияи бонкӣ дар сатҳи зарурӣ метавонад ин вазифаро иҷро намояд”, – гуфтааст Гулбаҳор Назирӣ.

Бранко Венерт зикр намудааст, ки имконият ва муҳлати ташкили муассисаи таълимӣ, маблағгузории минбаъдаи он, талаботи бозор ба омӯзиши мавзуъҳои низоми бонкӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти он зимни мулоқоту вохӯриҳо бо мутахассисон муайян хоҳанд шуд.

Аммо маълум нест, ки Академияи бонкӣ дар Тоҷикистон кай таъсис меёбад. Танҳо ҳамин қадар рӯшан аст, ки корҳо барои таъсиси ин академия аллакай оғоз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...