Бозиҳои осиёӣ дар Чин ҷамъбаст гардид. Тоҷикистон бо 7 медал мусобиқаро ҷамъбаст кард

Бозиҳои XIX-уми Осиё бо ғалабаи мутлақи мизбонони мусобиқа – Чин анҷом ёфт. Тоҷикистон дар ин мусобиқа бо гирифтани 7 медал – 2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ мақоми 24 – умро касб кард. Дар умум, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 138 варзишгар дар 18 намуди варзиш намояндагӣ намуданд. Рӯйхати варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои осиёӣ […]

Манижа Раҳмонова, махсус барои Asia-Plus

Бозиҳои XIX-уми Осиё бо ғалабаи мутлақи мизбонони мусобиқа – Чин анҷом ёфт. Тоҷикистон дар ин мусобиқа бо гирифтани 7 медал – 2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ мақоми 24 – умро касб кард.

Дар умум, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 138 варзишгар дар 18 намуди варзиш намояндагӣ намуданд.

Рӯйхати варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои осиёӣ соҳиби медал шуданд:

1. Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) дар риштаи ҷудо нишони тилло,

2.Давлат Болтаев (-92кг) дар риштаи бокс нишони тилло,

 3.Темур Раҳимов (+100 кг) дар риштаи ҷудо нишони нуқра,

4.Ҳақназар Назаров (-90 кг) дар риштаи кураш нишони биринҷӣ,

 5.Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) аз риштаи ҷудо нишони биринҷӣ,

 6.Хайрандеш Муродзода (-66 кг) аз риштаи кураш нишони биринҷӣ,

7.Миҷгона Самадова (-57 кг) дар риштаи бокс нишони биринҷӣ.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев пас аз муваффақият роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж-2024-ро ба даст оварданд.

Ҳамакнун, ба варзишгарони муваффақшудаи тоҷик, яъне онҳое, ки соҳиби медал шуданд, ҳамчунин ҷоизаи Президенти Тоҷикистон низ тақдим карда мешавад: барои ҷойи аввал – 150 ҳазор сомонӣ, дуюм – 100 ҳазор, сеюм – 50 ҳазор.

Дар умум, мизбони мусобиқа – Чин ғолиби мутлақи Бозиҳои осиёӣ-2023 гардид. Ин кишвар тавонист 383 медал (201 тилло, 111 нуқра, 71 биринҷӣ) ба даст орад.

1.Чин – 201 тилло, 111 нуқра, 71 биринҷӣ

2. Ҷопон – 52 тилло, 67 нуқра, 69 биринҷӣ

3. Корея – 42 тилло, 59 нуқра, 89 биринҷӣ

4. Ҳиндустон – 28 тилло, 38 нуқра, 41 биринҷӣ

5. Ӯзбекистон – 22 тилло, 18 нуқра, 31 биринҷӣ

Давлатҳои Фаластин, Кабоча, Сурия ва Лубнон ҳар яке бо гирифтани як медали биринҷӣ дар охири руйхати ҷамъбастӣ қарор гирифтанд.

Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бозиҳои тобистонаи Осиёӣ

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ давлати ҳамсоя Ӯзбекистон  бо 22 тилло, 18 нуқра ва 31 биринҷӣ пешсаф шуд. Дар мақоми баъдӣ Қазоқистон бо 10 медали тилло, 22 нуқра, 48 биринҷӣ қарор гирифт. Қирғизистон бо гирифтани 4 медали тилло, 2 нуқра ва 9 биринҷӣ  миёни давлатҳои О.М. ҷойи сеюмро соҳиб шуд. Тоҷикистон бо гирифтани 2 медали тилло, 4 медали биринҷӣ ва як медали нуқра ҷои 4-ум ва Туркманистон бо як медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ дар ҷои 5-ум қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои XIX-уми Осиё аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар Ханчжоу ва панҷ шаҳри дигари Чин баргузор гардид. Дар ин бозиҳо ҳудуди 12,5 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд ва барои ба даст овардани 1593 медал – 482 тилло, 480 нуқра, 631 биринҷӣ рақобат карданд.

Бозиҳои Осиё шурӯъ аз соли 1952 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 34 медал ба даст овардааст, ки 6-тоаш медали тилло, 7-тоаш – нуқра ва 21-тоаш биринҷӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.