Тоҷикистон ба мардуми аз зилзила осебдидаи Афғонистон кумаки башардӯстона мефиристад

Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи вилояти Ҳироти Афғонистон кумаки башардӯстона мефиристад. Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи Шоҳин Самадӣ, бо дастури вижаи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин тасмим гирифта шудааст. “Ҳукумати Тоҷикистон айни ҳол ҷиҳати расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми дар пайи заминларза зарардидаи […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи вилояти Ҳироти Афғонистон кумаки башардӯстона мефиристад. Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Шоҳин Самадӣ, бо дастури вижаи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин тасмим гирифта шудааст.

“Ҳукумати Тоҷикистон айни ҳол ҷиҳати расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми дар пайи заминларза зарардидаи Афғонистон чораҳо меандешад. Ҳукумати кишвар ният дорад, ки ба он ҷо маводи ниёзи аввалро ирсол намояд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ҳоло маълум нест, ки кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон чӣ миқдор аст ва кай ба мардуми зарардидаи кишвари ҳамсоя расонида мешавад.

То кунун аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристад.

Кумаки башардӯстонаи Қазоқистон аз ғизо, хайма, доруворӣ, сару либос ва дигар чизҳои зарурӣ иборат аст. Дар ояндаи наздик мол ба воситаи ҳавоӣ ва роҳи оҳан фиристода мешавад.

Наҷотдиҳандагони вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон низ барои расонидани кумаки амалӣ дар наҷоти мардум аз зери харобаҳо ба Афғонистон фиристода мешаванд.

Ҳамчунин, Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳам тамим гирифтааст, ки ҳамроҳ бо шариконаш дар Афғонистон ниёзмандиҳои мардуми аз заминларза зарардидаи вилояти Ҳиротро муайян карда, кумакҳои башардӯстонаро ирсол намояд.

Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда, ки муттаҳид шаванд ва мардуми аз заминларза осебдидаро дастгирӣ кунанд.

Ӯ таъкид мекунад, ки аз ин пеш ҳам аксари афғонистониён бо назардошти зимистони наздик ба кӯмак ниёз доштанд.

“Дабири кулл бо мардуми Афғонистон ҳамраъйӣ баён намуда, ба наздикони қурбониён тасаллият баён мекунад ва ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтарро таманно дорад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи СММ.

Қаблан, ЮНИСЕФ, Толибон* ва тоҷирони афғонистонӣ иттилоъ дода буданд, ки ба мардуми аз заминларза осебдидаи вилояти Ҳирот кумак мерасонанд.

Бояд гуфт, ки ин заминларза дар вилояти Ҳироти Афғонистон рӯзи 7-уми октябр рух дода, шиддати он 6,3 дараҷа гуфта шуд. Бар асари заминларза дар Ҳироти Афғонистон беш аз 2 ҳазор нафар ҷон бохта ва  наздики 10 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки гурӯҳи Толибон моҳи августи соли 2021 Кобулро ғасб карда, аз он вақт ба сари ҳокимияти Афғонистон нишастанд. Дар ду сол ҳеҷ кишвари ҷаҳон ҳукумати таъсисдодаи Толибон дар Афғонистонро расман қабул накардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар аввалин рӯзҳои ба сари қудрат омадани Толибон аз ин гурӯҳ таъсиси ҳукумати фарогир ва ҳамашумулро талаб карда буд ва то кунун бо ин гурӯҳ расман ҳеч гуна иртиботе ба роҳ намондааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.