Директори ХФА Русия: террористон мехоҳанд ҳокимиятро дар Осиёи Марказӣ ғасб кунанд

Asia-Plus

Директори Хадамоти федералии амният (ХФА, ФСБ)-и Русия Александр Бортников рӯзи 11 октябр дар ҷаласаи мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ изҳор дошт, ки ҳадафи афзалиятноки террористон ба даст гирифтани ҳокимият (қудрат) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, дар навбати аввал Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон дар амният осебпазиранд. Ин кишварҳое мебошанд, ки созмонҳои байнулмилалии террористӣ (СБТ) ният доранд онҳоро ба халифати ба истилоҳ умумиҷаҳонӣ шомил созанд.

“Нақши афзояндаи “Ал-Қоида”-ро мебинем, ки дар ҳамдастӣ бо ДИ “Вилояти Хуросон” (дар Русия манъ аст) дар корҳои омодагӣ, коркарди идеологӣ ва таъминоти моддӣ-техникии гурӯҳҳои зери назораташон фаъолона иштирок мекунад”, – иброз доштааст Бортников.

Роҳбари ХФА Русия гуфтааст, имрӯз теъдоди ҷангиёни “Ал-Қоида” беш аз 1,5 ҳазор нафарро ташкил дода, онҳо дар 20 вилоятҳои Афғонистон, асосан дар ҷануби шарқи кишвар фаъолона амал мекунанд ва марказашон Нуристон мебошад, ки долони нақлиётӣ байни Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон аст.

Теъдоди ҷангиёни “Вилояти Хуросон” ба 6,5 ҳазор нафар расида, дар тамоми минтақаҳои наздисарҳадӣ ва маркази кишвар амал мекунанд.

“Ояндаи наздик ин СБТ метавонад ба иқтидоре соҳиб шавад, ки ба он ҷиҳати анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ дар берун аз ҳудуди Афғонистон имкон диҳад”, – зикр кардааст директори ХФА Русия.

Бортников изҳор доштааст, ки роҳбарони СБТ нақшаҳои худро бобати муттаҳид сохтани гурӯҳҳои пароканда ва густариши онҳо дар кишварҳои ҳамсоя, пеш аз ҳама Осиёи Марказӣ ва Русия пинҳон намедоранд. Эмиссарҳои онҳо пайравони худро дар кишварҳои ИДМ ҷалб карда, ба афроде таваҷҷӯҳ мекунанд, ки қаблан бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарукоре надоштанд.

«Маълумот дорем, ки шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки ба сафи СБТ пайвастаанд, дар минтақаҳои наздисарҳадӣ корҳои иктишофӣ (разведка) гузаронида, минтақаҳои осебпазирро барои интиқоли гурӯҳҳо ва воситаҳои террористӣ муайян мекунанд. Ҳадафи афзалиятноки террористон ғасби қудрат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ва шомил кардани онҳо ба халифати ба истилоҳ умумиҷаҳонӣ аст”, – ҳушдор додааст роҳбари ХФА ва таъкид доштааст, ки “ин кор бо иштироки фаъолонаи хадамоти махсуси амрикоӣ ва бритониёӣ сурат мегирад.

“Аз ин лиҳоз, табиист, ки ҳозир ИМА ва НАТО бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз таҳдиди террористӣ аз Афғонистон, ба шарикони мо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хидматҳои худро дар соҳаи ҳарбӣ-техникӣ ва амният дар сарҳад фаъолона пешниҳод мекунанд. Мутмаинем, ки вазифаи онҳо азхудкунии ҳарбии фазои ИДМ, инчунин ҷорӣ намудани хатҳои нави тақсимотӣ байни иштирокчиёни он мебошад”, – таъкид намудааст Бортников.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...