Аз куҷо дар Тоҷикистон метавон маълумотномаи доғи судӣ надоштан гирифт, агар дар хориҷа бошед?

Ба идораи “Азия-Плюс” бо савол муроҷиат карданд, ки агар шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия зиндагӣ дошта бошад, аз куҷо маълумотнома (справка) дар бораи доғи судӣ надоштанро гирифта метавонад. Ба гуфтаи саволдиҳанда, консулгариҳои Тоҷикистон додани маълумотномаҳоро дар бораи доғи судӣ надоштан қатъ кардаанд. Вақте ки шумо дар қаламрави Тоҷикистон қарор доред, маълумотнома дар бораи доғи судӣ […]

Ба идораи “Азия-Плюс” бо савол муроҷиат карданд, ки агар шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия зиндагӣ дошта бошад, аз куҷо маълумотнома (справка) дар бораи доғи судӣ надоштанро гирифта метавонад. Ба гуфтаи саволдиҳанда, консулгариҳои Тоҷикистон додани маълумотномаҳоро дар бораи доғи судӣ надоштан қатъ кардаанд.

Вақте ки шумо дар қаламрави Тоҷикистон қарор доред, маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштанро аз ҳамаи воҳидҳои маркази итттилооти ВКД-и ҷумҳурӣ гирифтан мумкин аст.

Айни замон зарурати гирифтани маълумотнома аз дафтари кории марказии ВКД дар Душанбе танҳо аз ҷониби сафоратҳо – барои додани раводид талаб карда мешавад.

Қаблан “Азия-Плюс” дар бораи ҷараёни дастрас намудани маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан мавод нашр карда, дар он зикр гардида буд, ки ҳозир ин ҷараён тезтар ва бештар бароҳату қулай шудааст.

Лекин агар дар хориҷи кишвар қарор дошта бошед, пас дар куҷо ва то чӣ андоза бароҳат ва қулай ин маълумотномро метавон дастрас кард?

“Азия-Плюс” ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат карда, пурсид, ки Консулгариҳои генералӣ ба додани маълумотномаҳо дар бораи доғи судӣ надоштан идома медиҳанд ё он қатъ шудааст?

Ба гуфтаи намояндаи ВКХ, консулгариҳо ба додани чунин маълумотномаҳо идома дода, қатъ кардани онро дар нақша надоранд.

Бо чунин савол “Азия-Плюс” ба қисми навбатдории ВКД муроҷиат намуд. Ба гуфтаи онҳо, ба ҷуз Консулгариҳои генералӣ, маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштанро дар намояндагиҳои ВКД Тоҷикистон дар Русия низ гирифтан мумкин аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.