Суғд: Нигаронии додситонӣ аз қочоқи маҳсулоти пастсифат тавассути марз бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон

Дар 9 моҳи соли равон аз ҷониби Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд 254 ҳолати қочоқи молу маҳсулоти хӯрокворӣ ба миқдори умумии бештар аз 58 тонна ошкор гардидааст, ки арзиши умумии он қариб 420 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора Маҳмадалӣ Пардазода, сардори шӯъбаи назорати умумии додситонии вилояти Суғд зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Дар 9 моҳи соли равон аз ҷониби Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд 254 ҳолати қочоқи молу маҳсулоти хӯрокворӣ ба миқдори умумии бештар аз 58 тонна ошкор гардидааст, ки арзиши умумии он қариб 420 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин бора Маҳмадалӣ Пардазода, сардори шӯъбаи назорати умумии додситонии вилояти Суғд зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, қочоқи молу маҳсулоти хӯроквории пастсифат асосан тавассути сарҳад дар ҳудуди шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва ноҳияҳои Б. Ғафуров,  Ҷ. Расулов,  Спитамен ба назар мерасад.

“Дар марзи Тоҷикистон бо Қиғизистон дар ҳудуди вилояти Суғд 164 гузаргоҳи ғайрирасмӣ ва чаправҳо вуҷуд дорад, ки аксарияти онҳо дар маҳалҳои аҳолинишин ҷойгир буда, қочоқ тавассути онҳо ворид мешавад”, – гуфт Маҳмадалӣ Пардазода.

Тибқи иттилои ироагардида, дар 9 моҳи соли 2023 ба Тоҷикистон тавассути сарҳад дар вилояти Суғд як тонна биринҷ, 4,1 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 1,1 тонна меваи хушк, 1,5 тонна меваи тар, 4,4 тонна равғани растанӣ, 13, 3 тонна афшураи мева, 500 кг ҳасиб,  8,1 тонна нӯшокии қувватбахш, 17,5 ҳазор тонна оби ҷав, 6 ҳазор дона тухми мурғ ва 22,2 ҳазор тонна маҳсулоти полезӣ ба таври қочоқ ворид шудааст.

Аксарияти қочоқчиён хонаҳои истиқоматии дар минтақаҳои сарҳадӣ ҷойгиршударо ҳамчун анбор ё корхонаи истеҳсоли ғайриқонунӣ истифода намуда, молу маҳсулоти ғайриқонунӣ ворид ва истеҳсолкардаашонро дар ин хонаҳо нигоҳ медоштанд ва минбаъд аз он ҷо ба муомилот мебаровардаанд.

“Дар робита ба ҳолатҳои қочоқи молу маҳсулоти пастсифат тибқи моддаи 209-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст”, – таъкид дошт Маҳмадалӣ Пардазода.

Бояд гуфт, ки гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон пас аз низои ахир дар моҳи сентябри соли 2022 пурра баста аст. Онро ҷониби Қирғизистон аз ҷониби худ бастааст.

Бо Ӯзбекистон бошад, гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз буда, сокинон озодона рафтуомад мекунанд ва тоҷирон молу маҳсулоти худро ворид ва содир менамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.