Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар чӣ бора суҳбат мекунанд?

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин рӯзи 13 октябр дидору гуфтушунид мекунанд. Зимни суҳбати онҳо масоили амнияти минтақавӣ ва фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар ҷумҳурӣ баррасӣ мешавад, хабар додааст ёвари президенти Русия Юрий Ушаков. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад. Вохӯрӣ дар Бишкек доир гардида, дар ин ҷо онҳо ҳамчунин дар […]

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин рӯзи 13 октябр дидору гуфтушунид мекунанд. Зимни суҳбати онҳо масоили амнияти минтақавӣ ва фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар ҷумҳурӣ баррасӣ мешавад, хабар додааст ёвари президенти Русия Юрий Ушаков. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Вохӯрӣ дар Бишкек доир гардида, дар ин ҷо онҳо ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ширкат меварзанд.

“Рӯзи 13 октябр бо вохӯрии дуҷониба оғоз меёбад. Ин мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд. Барои баррасӣ масъалаҳои зиёд ҳастанд. Масоили рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун ва албатта, масоили амнияти минтақавии дар навбати аввал марбут ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, инчунин масъалаи фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон, ки яке аз омилҳои калидии таъмини субот дар минтақа мебошад”, – гуфтааст Ушаков ба рӯзноманигорон.

Ба гуфтаи Ушаков вохӯрии Раҳмон ва Путин бевосита пеш аз оғози ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ баргузор мешавад.

Қаблан ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон хабар дода буданд, ки сарони кишварҳои Иттиҳод масоили гуногун, аз ҷумла дар соҳаи тиҷорату иқтисодро баррасӣ намуда, қарорҳои муҳими марбут ба тавсеъаи ҳамкорӣ дар доираи ИДМ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳанг қабул хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти”Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ” аз Бишкек боздид карда буд.

Барои президенти Русия Владимир Путин, ки аллакай дар Қирғизистон қарор дорад, имсол ин аввалин сафар ба хориҷи кишвар аст.

Имрӯз, 12 октябр президенти Русия бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров дар қароргоҳи “Ала-Арча” расман дидору гуфтушунид мекунад. Пас аз гуфтушунидҳо маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардида, ҳамчунин сарони давлатҳо бо рӯзноманигорон вомехӯранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.