Беш аз 320 сӯхтор дар 9 моҳ ва марги 4 нафар

Дар вилояти Суғд давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 326 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки бар асари он 4 нафар ҷон бохта, 8 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 3 нафари дигарро кормандони хадамоти оташнишонӣ наҷот додаанд. Дар ин бора 5-уми октябри соли ҷорӣ Баҳромҷон Бобоҷонзода, масъули Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дод. Ба иттилои Баҳромҷон […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Дар вилояти Суғд давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 326 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки бар асари он 4 нафар ҷон бохта, 8 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 3 нафари дигарро кормандони хадамоти оташнишонӣ наҷот додаанд.

Дар ин бора 5-уми октябри соли ҷорӣ Баҳромҷон Бобоҷонзода, масъули Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дод.

Ба иттилои Баҳромҷон Бобоҷонзода, аз 4 нафари ҷонбохта ду нафараш сокинони шаҳри Хуҷанд ва ду нафари дигар сокинони шаҳри Панҷакент мебошанд.

Зарари расида аз ҳодисаҳои сӯхтор ба моликияти давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон 17,6 млн сомонирро ташкил кардааст. Инчунин ба маблағи 262,6 млн сомонӣ молу мулк наҷот дошта шудааст.

Ба қавли манбаъ, 79 дарсад ҳодисаи сӯхтор дар манзилии истиқоматӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз 326 ҳодисаи сухтор 260 ададаш дар хонаҳои истиқоматӣ рух додааст.

Инчунин 32 ҳодисаи сухтор дар иншооти хусусӣ, 9 ҳодиса дар иншооти давлатӣ ва 25 ҳодиса дар нақлиёт ба амал омадааст.

“Таҳлилҳо нишон дод, ки сабабу омилҳои сӯхтор дар бештари маврид беэҳтиётии сокинон нисбати истифодаи таҷҳизоти барқӣ, печҳои худсохт, газ, расиши кӯтоҳи барқ, таҷҳизотҳои оташдонҳо, рафтори беэҳтиётона бо оташ, фориғболии ноболиғон бо оташ ва ғайра мебошад”, – Бобоҷонзода.

Дар умум, ҳодисаҳои сӯхтор дар вилояти Суғд нисбат ба соли 2022 коҳиш ёфтааст. Агар соли гузашта, 373 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда бошад, ин нишондид соли ҷорӣ 47 адад камтар, яъне 326 ҳодисаи сӯхтор мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.