Даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон 1 млрд сомонӣ зиёд мешавад. Аз кадом ҳисоб?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки қисми даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2023 ба маблағи 1 млрд сомонӣ (91,2 млн доллар) бе тағйир додани андозаи қасри буҷет зиёд карда шавад.

Қарори дахлдори рӯзи 22 сентябри соли равон аз ҷониби ҳукумат имзошуда ва дар портали итттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашршуда ба палатаи поёнии парлумон ирсол шудааст.

Дар замима ба санад гуфта мешавад, қисмати даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби воридоти маблағҳо аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ зиёд мешавад.

Кумитаи андоз ба ҷамъ овардани 400 млн сомонии иловагӣ аз ҳисоби пардохтҳои зерин уҳдадор мешавад:

– андоз аз даромад – 135 млн сомонӣ;

– андоз аз арзиши идовашуда (дохилӣ) – 155 млн сомонӣ;

– аксизҳо (дохилӣ) – 30 млн сомонӣ;

– андозҳо барои захираҳои табиӣ – 30 млн сомонӣ;

– воридоти ғайриандозӣ – 50 млн сомонӣ.

Ба Хадамоти гумрук супориш дода шудааст, ки воридоти маблағҳоро ба буҷет иловатан 600 млн сомонӣ зиёд кунад, аз ҷумла аз ҳисоби:

– андоз аз арзиши иловашуда (берунӣ) – 300 млн сомонӣ;

– аксизҳо (берунӣ) – 100 млн сомонӣ;

– боҷҳои гумрукӣ – 200 млн сомонӣ.

Дар санад пешбинӣ шудааст, ки пулҳои ҷамъшуда барои маблағгузории иловагӣ ба соҳаву бахш ва самтҳои зерин равона карда шавад:

– бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ – 33 млн 146 ҳазор сомонӣ;

– мудофиа – 340 млн сомонӣ;

– мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҳуқуқӣ – 4 млн 500 ҳазор сомонӣ;

– маориф – 66 млн сомонӣ;

– тандурустӣ – 26 млн сомонӣ;

– фарҳанг ва варзиш – 24 млн 104 ҳазор сомонӣ;

– комплекси сӯзишворию энергетикӣ – 506 млн 250 ҳазор сомонӣ.

Даромади умумии буҷети ҷумҳуриявии тасдиқгардида дар ҳаҷми ҳудуди 13,6 млрд сомонӣ муқаррар шудааст.

Хароҷоти умумии буҷети ҷумҳуриявии тасдиқгардида зиёда аз 15,2 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...