Cе заминларза дар Афғонистон. Зиндамондагон ҷойи зист надоранд

Дар қисмати ғарби Афғонистон субҳи 15 октябр сеюм заминларза дар ҳафтаи сипаришуда ба амал омад. Дар ду заминларзаи пешин зиёд аз 2 ҳазор нафар ҳалок шуданд. Хадамоти геологии ИМА (USGS) хабар дод, ки заминларзаи қувваш 6,3 балл бо марказаш дар умқи 6,3 км дар 34 километр дуртар аз шаҳри Ҳирот рух дод, менависад ВВС. Ҳирот […]

Asia-Plus

Дар қисмати ғарби Афғонистон субҳи 15 октябр сеюм заминларза дар ҳафтаи сипаришуда ба амал омад. Дар ду заминларзаи пешин зиёд аз 2 ҳазор нафар ҳалок шуданд.

Хадамоти геологии ИМА (USGS) хабар дод, ки заминларзаи қувваш 6,3 балл бо марказаш дар умқи 6,3 км дар 34 километр дуртар аз шаҳри Ҳирот рух дод, менависад ВВС.

Ҳирот аз сеюмин шаҳрҳои бузурги Афғонистон буда, каме дуртар аз сарҳад бо Эрон воқеъ аст.

Бино ба маълумоти созмони байнулмилалии “Табибони бидуни сарҳад”, 2 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 150 нафари ҷароҳатбардошта ба беморхонаи Ҳирот муроҷиат кардаанд.

Директори барномаи “Табибони бидуни сарҳад” дар Афғонистон Яҳё Калила ба AFP хабар додааст, ки ба гумони ғолиб, теъдоди қурбониён начандон зиёд хоҳад буд, зеро одамоне, ки аз заминарзаи пешин тарсида буданд, дар хонаҳояшон хоб нарафта, шабро дар хаймаҳо рӯз мекунанд.

“Онҳо ба ҳаросу воҳима афтодаанд, – иброз дошт вай. – Худро амн ҳис намекунанд. 100% итминон медиҳам, ки ҳеҷ касе дар хонааш хоб нахоҳад рафт”.

Дар ҳамин ҳол, бо назардошти фаро расидани сардиҳо, ба зиндагии зиёда аз як моҳ дар хаймаҳо касе тоқат нахоҳад овард.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.