“Ӯ асабонӣ буд”. Рустам Ятимов муноқишаи лафзиаш бо Криштиану Роналдуро шарҳ дод

Asia-Plus

Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе муноқишаи худ бо Криштиану Роналду, футболбози шинохтаи тими Португалия ва дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудиро шарҳ дода, гуфт, ки аввал ҳамдигарро дашном дода, бо гузашти чанде якдигарро ба оғӯш гирифтем.

Рустам Ятимов ҳодисаро зимни як мусоҳиба ба хабарнигори “Варзиш ТВ” шарҳ додааст.

Ӯ гуфтааст, дастаи “Ан-Наср” бо суръати баланд бозӣ мекард ва онҳо кӯшиш кардаанд бо ҳар роҳ суръатро паст кунанд, аз ин лиҳоз бозиро кашол медоданд ва ин Роналдуро асабонӣ кардааст.

“Росташро гӯям, ба якдигар дашном додан гирифтем. Роналду ишора кард, ва ман чизе гуфтам. Ва ҳамин тавр рафт. Гуфтугӯ бо забони русӣ оғоз шуд, аммо ба ёдам омад, ки ӯ намефаҳмд, ҳаҳа… Пас аз он бо забонҳои сербӣ ва англисӣ суҳбат кардем. Аммо баъд аз ин мо якдигарро ба оғӯш гирифтем, сӯҳбат кардем ва бозиро идома додем. Ин эҳсосот чизҳои муқаррарӣ мебошанд”, – зикр кардааст Ятимов.

Дар идома Рустам Ятимов аз Криштиану Роналду ба ҳайси як футболбози хеле моҳир ва ҳирфаӣ тавсиф кардааст.

https://www.youtube.com/watch?v=“Истиқлол”-и Душанбе муноқишаи худ бо Криштиану Роналду, футболбози шинохтаи тими Португалия ва дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудиро

Бояд зикр кард, ки дар ҷараёни бозии “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду ба Рустам Ятимов фишор овард ва чизе гуфт, ки мухлисон муҳтавои онро нафаҳмиданд, аммо дарк карданд, ки футболбозӣ португалӣ эътирози худро баён мекунад. Ин саҳна баҳсҳоро ба миён овард ва таваҷҷууҳи зиёдро ҷалб кард.

Бояд гуфт, ки бозии дастаҳои “Истиқлол” ва “Ан-Наср” рӯзи 2-юми октябри соли 2023 дар даври дуюми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиёи 2023/24 дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд ва бо пирӯзии “Ан-Наср” бо ҳисоби 3-1 анҷом ёфт.

Дар ин гурӯҳ ҳамчунин дастаҳои футболи “Персеполис”-и Эрон ва “Ад-Дуҳайл”-и Қатар бозӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...