БҶ: Дар 6 моҳ захираҳои тиллову асъори Тоҷикистон 600 млн доллар кам шуданд

Аз ҷониби мақомоти молияи Тоҷикистон барои дастгирии арзи миллӣ ба бозори асъор дахолатҳо сурат гирифтанд, ки ба коҳиши захираҳои байнулмилалии кишвар боис гардид, гуфта мешавад дар гузориши ахири Бонки ҷаҳонӣ (БҶ). Дар гузориш зикр мегардад, ки дар натиҷаи дахолат ба бозори асъор дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ захираҳои байнулмилалии ҷумҳурӣ аз 3,8 млрд доллар дар […]

Аз ҷониби мақомоти молияи Тоҷикистон барои дастгирии арзи миллӣ ба бозори асъор дахолатҳо сурат гирифтанд, ки ба коҳиши захираҳои байнулмилалии кишвар боис гардид, гуфта мешавад дар гузориши ахири Бонки ҷаҳонӣ (БҶ).

Дар гузориш зикр мегардад, ки дар натиҷаи дахолат ба бозори асъор дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ захираҳои байнулмилалии ҷумҳурӣ аз 3,8 млрд доллар дар охири соли 2022 то ба 3,2 млрд доллар дар нимаи соли 2023 кам шуданд.

Бо вуҷуди ин, муаллифони гузориш ин захираҳоро кофӣ – дар сатҳи 6,5 моҳи рӯйпӯш кардани воридот арзёбӣ мекунанд.

Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Фирдавс Толибзода моҳи августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки то охири нимсолаи аввал захираҳои байнулмилалӣ 6,9 моҳи рӯйпӯши воридотро ташкил доданд. Ба гуфтаи ӯ, қисмате аз ин захираҳо дар сурати зарурат ба дастгирии асъори миллӣ равона карда мешавад.

Тибқи арзёбии муовини аввали раиси Бонки миллӣ, ҳаҷми мавҷудаи захираҳои байнулмилалӣ аз меъёрҳои кифоят зиёд аст.

Бино ба маълумоти БМТ, қурби расмии доллари ИМА нисбати сомонӣ ба андозаи 7% – аз 10,2024 сомонӣ дар рӯзи 31 декабри соли 2022 то 10,9140 дар рӯзи 30 июни соли 2023 (барои 1 доллар) боло рафт.

Рӯзи 18 октябр қурби сомонӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 10,9595 муқаррар шудааст.

Дар Бонки миллӣ зикр мекунанд, ки дар нимсолаи аввал ба сиёсати қурбие, ки бар реҷаи “қурби шинокунандаи танзимшаванда  бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асос ёфтааст, идома доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.