Рустами Эмомалӣ ба ҷоизадорони Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Чин калиди хона тақдим кард

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз, 19-уми октябр, ғолибони Бозиҳои 19-умин осиёиро ба ҳузур пазируфт.

Вай варзишгаронро бо ба даст овардани медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-умин осиёӣ дар шаҳри Ханчжоуи Чин табрик гуфт.

Шаҳрдори Душанбе ба Сомон Маҳмадбеков, ки рӯзи 25-уми сентябр дар мусобиқоти дзюдо дар Бозиҳои осиёӣ дар Ханчжоуи Чин медали тилло ба даст овард, калиди манзили 3 – ҳуҷрагӣ дар пойтахтро тақдим кард.

Калиди манзили 3- ҳуҷрагӣ дар пойтахт ба муштзани тоҷик Давлат Болтаев, ки низ соҳиби медали тилло шуд, тақдим гардид.

Инчунин ба Темур Раҳимов калиди хонаи 2- ҳуҷрадор дар пойтахт тақдим карда шуд.

Ба Беҳрӯз Хоҷазода, Миҷгона Самадова, Хайрандеш Муродзода ва  Ҳақназар Назаров калиди хонаи якҳуҷрадорро супорид.

Хотиррасон мекунем, ки Бозиҳои XIX Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханчжоуи музофоти Чжетсзяни Чин баргузор гардида, дар ин бозиҳо Тоҷикистонро 100 варзишгар намояндагӣ  намуд.

Варзишгарони тоҷик дар умум соҳиби 7 медал – 2 тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ гардид.

Мусобиқаҳо дар 54 майдони варзишӣ дар Ханчжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян – Нинбо, Вэнчжоу, Сзинхуа, Шаосине ва Хучжоу доир гардиданд.

Бозиҳои Осиё шурӯъ аз соли 1952 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш медали тилло, 6-тоаш – нуқра ва 17-тоаш биринҷӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...