Рустами Эмомалӣ ба ҷоизадорони Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Чин калиди хона тақдим кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз, 19-уми октябр, ғолибони Бозиҳои 19-умин осиёиро ба ҳузур пазируфт. Вай варзишгаронро бо ба даст овардани медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-умин осиёӣ дар шаҳри Ханчжоуи Чин табрик гуфт. Шаҳрдори Душанбе ба Сомон Маҳмадбеков, ки рӯзи 25-уми сентябр дар мусобиқоти дзюдо дар Бозиҳои […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз, 19-уми октябр, ғолибони Бозиҳои 19-умин осиёиро ба ҳузур пазируфт.

Вай варзишгаронро бо ба даст овардани медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-умин осиёӣ дар шаҳри Ханчжоуи Чин табрик гуфт.

Шаҳрдори Душанбе ба Сомон Маҳмадбеков, ки рӯзи 25-уми сентябр дар мусобиқоти дзюдо дар Бозиҳои осиёӣ дар Ханчжоуи Чин медали тилло ба даст овард, калиди манзили 3 – ҳуҷрагӣ дар пойтахтро тақдим кард.

Калиди манзили 3- ҳуҷрагӣ дар пойтахт ба муштзани тоҷик Давлат Болтаев, ки низ соҳиби медали тилло шуд, тақдим гардид.

Инчунин ба Темур Раҳимов калиди хонаи 2- ҳуҷрадор дар пойтахт тақдим карда шуд.

Ба Беҳрӯз Хоҷазода, Миҷгона Самадова, Хайрандеш Муродзода ва  Ҳақназар Назаров калиди хонаи якҳуҷрадорро супорид.

Хотиррасон мекунем, ки Бозиҳои XIX Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханчжоуи музофоти Чжетсзяни Чин баргузор гардида, дар ин бозиҳо Тоҷикистонро 100 варзишгар намояндагӣ  намуд.

Варзишгарони тоҷик дар умум соҳиби 7 медал – 2 тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ гардид.

Мусобиқаҳо дар 54 майдони варзишӣ дар Ханчжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян – Нинбо, Вэнчжоу, Сзинхуа, Шаосине ва Хучжоу доир гардиданд.

Бозиҳои Осиё шурӯъ аз соли 1952 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш медали тилло, 6-тоаш – нуқра ва 17-тоаш биринҷӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.