Аз истирдоди ҷинояткорон то таслими маҳкумшудагон. Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қатар 3 созишнома имзо карданд

Asia-Plus

Миёни Додситонии кулли Тоҷикистон ва Додситонии кулли Қатар се шартномаи  байналмилалӣ дар бораи истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо ба имзо расонида шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Шартномаҳои байналмилалии мазкур дар доираи сафари Доктор Исса бин Саад ал Ҷуфарӣ Ал-Нуаймӣ, додситони кулли давлати Қатар ва ҳайати ҳамроҳи ӯ ба Душанбе, ки санаи 22 – 23 октябри соли 2023 сурат гирифт, имзо шудаанд.

Ҳамчунин, зимни ин сафар, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ва ҳамтои қатарии ӯ масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар самтҳои муқовимат ба тундгароӣ, экстремизм ва терроризми байналмилалӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти гайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили трансмиллиро баррасӣ кардаанд.

“Ҳамчунин, ҷонибҳо дар доираи ҳамкориҳои байниидоравӣ ва дар асоси Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Давлати Қатар аз соли 2019 ба мувофиқа расиданд, ки иқтидори Маркази волоияти қонун ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи Давлати Қатар ва Коллеҷи ҳуқуқии Донишгоҳи Қатар марбут ба Фонди Қатар, инчунин прокуратураи зиддитеррористии махсусгардонидашудаи Қатар барои баланд бардоштани иқтидори зеҳнии кормандони Маркази пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтории он истифода бурда мешавад”, – таъкид мегардад дар иттилоияи Додситонии кул.

Бояд гуфт, ки чанде пештар Додситонии кулли Тоҷикистон барои пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо сохтори нав – “Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо” ташкил карда, бо баргузории як машғулият онро ба кормандони худ муаррифӣ намуд.

Пештар аз ин, Додситонии кулли Тоҷикистон зимни силсиласафар ба Аврупо бо додситонҳои кулли чандин давлатҳо мулоқот ва шароити ҳамкориро баррасӣ намуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...