Қарордод бо Вазорати дифои Русия ё парвандаи ҷиноятӣ. Боздошт ва санҷиши намозгузорони масҷиди Котелники

Дар шаҳри Котелникии вилояти Маскав кормандони дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН) рейд гузаронида, боздоштшудагонро ба комисариати ҳарбӣ бурданд ва дар он ҷо бо таҳдиди боз кардани парвандаи ҷиноятӣ онҳоро маҷбур карданд, ки бо Вазорати мудофиа қарордод банданд, хабар медиҳад Медуза бо истинод ба Telegram-канали иштирокчии даври финалии шоуи «Перепой звезду» Мамут Усеинов. «Мехоҳам дар бораи […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Котелникии вилояти Маскав кормандони дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН) рейд гузаронида, боздоштшудагонро ба комисариати ҳарбӣ бурданд ва дар он ҷо бо таҳдиди боз кардани парвандаи ҷиноятӣ онҳоро маҷбур карданд, ки бо Вазорати мудофиа қарордод банданд, хабар медиҳад Медуза бо истинод ба Telegram-канали иштирокчии даври финалии шоуи «Перепой звезду» Мамут Усеинов.

«Мехоҳам дар бораи дағалона вайрон кардани қонун аз ҷониби комиссариати ҳарбӣ ва пулиси ОМОН хабар диҳам. Пас аз намози ҷумъа дар як масҷиди воқеъ дар шаҳри Котелники кормандони пулис рейд гузаронида, ҳамаи мардон, аз ҷумла маро вақти баромадан аз масҷид боздошт карданд”, – навиштааст Усеинов.

Ба гуфтаи ӯ, дар аввал кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо баҳонаи тафтиши ҳуҷҷатҳо мардонеро, ки аз масҷид берун мешуданд, ба автобус савор кардаанд. Аммо баъди чанд соати интизорӣ онҳоро ба комиссариати ҳарбии шаҳри Любертси бурданд.

"Дар он ҷо комиссияи тиббӣ ташкил карда шуд. Маро ба хидмат коршоям дониста, ба нуқтаи ҷамъшавии афроде, ки тибқи қарордод ба хидмат мераванд, ба шаҳри Балашиха интиқол доданд. Бегоҳӣ ба мо эълон карданд, ки бояд ҳама ба муҳлати як сол қарордод имзо кунем ё зиндонӣ мешавем. Субҳи 21 октябр дар сафороӣ ман фаҳмидам, ки ҳамаи моро ба амалиёти махсуси низомӣ мефиристанд”, – изҳор доштааст Усеинов.

Ӯ ҳамчунин илова кардааст, ки бо шахсоне, ки имзои қарордодро рад карданд, кадом як полковнике вохӯрда, эълон кардааст, ки “ба онҳо имкони хидмат тибқи даъват дода мешавад”.

“Чунин мешуморам, ки бо ин кор ҳамаи ҳуқуқҳои ман нақз шуданд: маҷбурӣ оварданд, ман имкон надоштам, ки аз болои қарори комиссияи даъват шикоят барам, имкон набуд, ки дар бораи эътиқоду бемориҳоям маълумот пешниҳод кунам. Ва аз ҳама муҳимаш – ба ман даъватнома наомада буд”, – гуфтааст Усеинов.

Дар яке аз охирин сторисаш дар Instagram Усеинов хабар додааст, ки ягон ҳуҷҷатро имзо накардааст.

“Гуфтанд, ки пагоҳ намояндагони Кумитаи тафтишот меоянд ва бо мо суҳбат мекунанд”, – зикр кардааст вай.

Дар бораи боздошти шахсоне, ки ба маркази мусулмонӣ ба Котелники меоянд, рӯзи 21 октябр телеграм-канали "Мобилизация I Новости" навишта буд. Зикр гардида буд, ки "дар ҷойи ҳодиса асноди боздоштшудаҳоро гирифта, барои муоинаи тиббӣ фиристодаанд", "адвокатҳоро назди онҳо роҳ намедиҳанд ва онҳоро маҷбур мекунанд, ки бо Вазорати дифоъ шартнома банданд".

Тавре ки хабар дода мешавад, ин марказ ягона ҷое дар Котелники боқӣ мондааст, ки дар он барои мусулмонон намози ҷумъа барпо мегардад.

Ёдрас мекунем, ки боздоштҳо дар масҷидҳои вилояти Маскав пас аз намози ҷумъа чанд моҳ инҷониб сурат мегирад. Аз ҷумла, шаби 23 ба 24 май пулиси Маскав дар Котелники қариб 100 муҳоҷири тоҷикро пас аз намоз боздошт кард. Пештар, 18 май низ чунин боздошт сурат гирифта буд.

Тибқи маълумоти расонаҳои Русия, боздоштҳо пас аз шикояти сокинони ноҳия дар бораи рафтори дағалонаи муҳоҷирон, доим аз ҷониби онҳо риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, савдои пинҳонӣ ва ташкили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ оғоз шуданд.

Он замон сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи худ дар Facebook изҳорот нашр карда, зикр кард, ки “ҳодисаи мазкур зери назорат ва пайгирии сафорат қарор дорад”.

Дар робита ба ин ҳодисаҳо сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ба ВКХ ҷумҳурӣ даъват шуд. Зимни вохӯрӣ ҷониби Тоҷикистон аз боздоштҳои дастаҷамъонаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо ҳар баҳона изҳори нигаронӣ намуда, ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки вобаста ба рейдҳои мақомоти Русия дар шаҳри Котелники ва дигар шаҳрҳои Русия, вазир Рамазон Раҳимзода ба вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев бо даъвати “воқеъбинона баррасӣ намудани ин ҳодисаҳо ва кумак кардан ба зери назорат доштани онҳо” мактуб фиристодааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар доираи маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ 130 ҳазор шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола ба артиш фиристода мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио