Барои “дарк”-и ҳадафи Гитлер. “Citibank” Нозима Ҳусейноваро барои интиқоди ҳамлаи Исроил ба Ғазза, аз кор озод кард

“Citibank”, яке аз бонкҳои пурнуфузи Амрико Нозима Ҳусейнова, як корманди ӯзбеки худро, барои интиқоди ҳамлаи артиши Исроил ба Навори Ғазза, аз кор озод кард. Дар ин бора нашрияи бритониёии Daily Mail хабар медиҳад. Сухангӯи “Citibank” ба DailyMail гуфтааст, ки шартномаи меҳнатиро бо “корманде, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин як навиштаи бадхоҳонаи зиддисемитизмро нашр кардааст”, лағв […]

Манижа Раҳмонова, махсус барои Asia-Plus

Citibank”, яке аз бонкҳои пурнуфузи Амрико Нозима Ҳусейнова, як корманди ӯзбеки худро, барои интиқоди ҳамлаи артиши Исроил ба Навори Ғазза, аз кор озод кард.

Дар ин бора нашрияи бритониёии Daily Mail хабар медиҳад.

Сухангӯи “Citibank” ба DailyMail гуфтааст, ки шартномаи меҳнатиро бо “корманде, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин як навиштаи бадхоҳонаи зиддисемитизмро нашр кардааст”, лағв кардаанд.

“Мо антисемитизм ва ҳама намуди сухани таҳқиркунандаро таҳаммул нахоҳем кард”, – бо истинод ба ин корманди “Citibank” навиштааст DailyMail.

Нозима Ҳусейнова дар пайи ҳамлаи артиши Исроил ба Ғазза, аз ҷумла ба як бемористон, ки боиси кушта шудани садҳо нафар сокини осоишта гардид, дар саҳифаи иҷтимоии худ навишт,ҷойи тааҷҷуб нест, ки чаро Ҳитлер мехост аз ҳамаашон халос шавад”.

Ин навишта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густарда баҳсу баррасӣ гардид ва ба иттилои DailyMail, хашми корбарон низ овард. “Citibank” ин навиштаро “нафратовар” номид ва гуфт, ки бонк суханони бадбиниро таҳаммул намекунад ва Нозима Ҳусейноваро аз кор озод намуд.

Худи Нозима Ҳусайнова то ҳол ба ин тасмими Citibank вокуниш нишон надодааст.

Нозима Ҳусайноваи 25-сола Донишгоҳи шаҳри Ню-Йорк, Коллеҷи Бруклинро бо ихтисоси молия хатм карда, ду соли охир дар “Citibank фаъолият дошт.

Бояд гуфт, ки “Citigroup” яке аз ташкилотҳои молиявии пурнуфузӣ амрикоӣ буда, дар саросари ҷаҳон 250 ҳазор нафар коргар дорад. Тибқи иттилои расонаҳо, кормандони хидматрасон ба муштариён дар ин бонк ҳудуди 72 ҳазор доллар маоши солона мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.