Дар Тоҷикистон қурби рубл ба таври назаррас боло рафт

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз аввали даҳаи дуюми ҳамин моҳ қурби рубли Русия нисбати арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ ба андозаи 5,5% боло рафт.

Қурби расмии рубл нисбати сомонӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқаррар карда мешавад, аз 109,9 сомонӣ барои 1000 рубл дар рӯзи 11 октябр то ба 115,9 сомонӣ дар имрӯз афзуд.

Мутаносибан, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо низ қурб дар ҳамин сатҳ тағйир ёфт: аз 110 сомонӣ (харид) ва 112 (фурӯш) дар рӯзи 11 октябр то ба 116 (харид) ва 118 сомонӣ (фурӯш) барои 1000 рубл.

Чаро қурби рубл боло меравад?

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи “Ведомости”, нимаи дирӯз (23 октябр) қурби доллар нисбати рубл то поинтар аз 95 рубл (1 доллар) кам шуд.

Ба иттилои нашрия, ҳафтаи навро рубл бо болоравии қурб нисбати се асъори ҷаҳонӣ оғоз намуд: нимаи рӯз дар Мосбиржа 1 доллар то 94,6 рубл поин рафта, 1 евро 100,3 рубл ва юан – 12,89 рубл фурӯхта шуданд. Аз сатҳи ниҳоии ҳафтаи гузашта доллару евро 3,4% ва юан – 3,5% беқурб шуданд.

Таҳлилгарони аз ҷониби “Ведомости” пурсидашуда изҳор доштаанд, ки омодагии содиркунандагон ба давраи пардохти андозҳо айни замон омили асосии мустаҳкам шудани рубл мебошад.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр президенти Русия Владимир Путин дар бораи фурӯши ҳатмии даромади асъор фармон ба имзо расонид.

Ғайр аз ин, “Ведомости” бо истинод ба коршиносон зикр мекунад, ки болоравии нархи нафт яке аз омилҳои калидӣ барои мустаҳкашавии қурби рубл аст.

Таҳлилгари ширкати “Первая” Владислав Данилов таъкид доштааст, ки боқӣ мондани нархи “тиллои сиёҳ” дар сатҳҳои нисбатан баланд (91,7 рубл барои 1 баррели навъи Brent) дар баробари коҳиши воридоти молу маҳсулоти аз ҷониби Бонки марказӣ сабтшуда рублро аз ҳисоби зиёдшавии ҳисоби амалиёти ҷорӣ дастгирӣ мекунад.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, субҳи имрӯз қурби рубл нисбат ба доллар дар сатҳи 94,70 рубл (1 доллар), евро – 100,30 рубл ва юан – 12,92 рубл муқаррар шудааст.

Ба фоидаи оилаҳои муҳоҷирони корӣ

Болоравии қурби рубл нисбати сомонӣ ҳаҷми даромади оилаҳои муҳоҷирони меҳнатиро, ки дар қаламрави Русия машғули коранд, зиёд мекунад.

Агар дар аввали даҳаи дуюми моҳи октябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъор барои 1000 рубл 110 сомонӣ пардохт мекарданд, акнун – 116 сомонӣ медиҳанд.

Тибқи маълумоти гуногун, ҳудуди 1,5 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Агар ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ дар бораи дар хориҷи кишвар кор кардани ҳадди ақалл 1 нафари 40%-и хонаводаҳои Тоҷикистон бовар кунем, пас теъдоди чунин оилаҳо садҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти омори расмӣ, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1,3 млн хонаводаҳо ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2022 аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик ҳаҷми рекории 5,2 млрд доллар ба ватан фиристода шудааст, ки ба 49%-и ММД-и соли гузашта ҷумҳурӣ баробар аст.

Ҳудуди 90%-и интиқоли маблағ ба бонкҳои Тоҷикистон маъмулан бо рубл сурат мегирад. Аз соли 2016 бо дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон интиқол бо рубл ба қабулкунандагон танҳо бо асъори миллӣ бо қурби мубодилаи он дар замони гирифтан дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...