“Қонуншиканҳоро ба ҷавобгарӣ кашед”. Интиқоди Давлаталӣ Саид аз фаъолияти Хоҷагии манзилию коммуналии Бохтар

Раиси вилояти Хатлон зимни як ҷаласаи худ, бо вазъи партовгоҳҳо шинос шуда, аз фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар интиқод кард. Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон зимни як ҷаласе, ки 23-юми октябр баргузор шуд, оид ба партовгоҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, баровардани партовобҳои истеъмолкунандагон, истифодабарӣ ва таъмини хизматрасонии иншоотҳои хоҷагии манзилию […]

Муҳаммадшарифи Ёрмуҳаммад, махсус барои Asia-Plus

Раиси вилояти Хатлон зимни як ҷаласаи худ, бо вазъи партовгоҳҳо шинос шуда, аз фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар интиқод кард.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон зимни як ҷаласе, ки 23-юми октябр баргузор шуд, оид ба партовгоҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, баровардани партовобҳои истеъмолкунандагон, истифодабарӣ ва таъмини хизматрасонии иншоотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, тозагии санитарӣ, ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳри Бохтар суханронӣ карда, аз фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” интиқод намуд.

“Масъулони шаҳрдорӣ ва ниҳодҳои дахлдор ҳифзи муҳити атрофро бо мақсади муҳофизати ҳаёт ва саломатии инсон таъмин намоянд, талаботи қонунгузории санитарӣ ва ҳифзи табиатро таъмин намуда, вайронкунандагони ин талаботро ба ҷавобгарӣ кашанд, назорати давлатиро оид ба риоя намудани қоидаҳои муқарраршудаи санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ ва бехатарии экологӣ ҳангоми муомилот бо партовҳо тақвият бахшанд”, – гуфтааст Давлаталӣ Саид.

Ҳамчунин, раиси вилоят таъкид кардааст, ки масъулони бахши идеологӣ дар миёни аҳолӣ меъёрҳои қонунгузории кишварро оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳо шарҳу тафсир дода, онҳоро ба риояи маданияти шаҳрнишинӣ даъват кунанд.

Илова баро ин, Давлаталӣ Саид беҳтар кардани таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, тақвият додани корҳои ободонӣ ва гулу дарахтшинониро зарур шуморидааст.

Бояд гуфт, ки ин аввалин интиқоди Давлаталӣ Саид аз фаъолияти бахшҳо ва ниҳодҳои давлатии вилоят набуда, пештар ӯ дар ҳузури вакилони халқи вилоят аз бахши сайёҳӣ ва сармоягузорӣ интиқод карда буд.

Раиси вилоят бо ишора ба масъулини бахши сайёҳии вилоят гуфта буд, ки “мефаҳмам, маблағгузорӣ маҳдуд аст, вале метавон гирду атрофи ёдгориҳои таърихиро тозаю озода  нигоҳ дошт”.

Аз масъулини бахши сармоягузории вилоят хоста буд, кимуносибат бо сармогузоронро тағйир диҳанд.

“Вилояти Хатлон имкониятҳои зиёд дорад. Мо бояд фазои беҳтар барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя бисозем. Муносибатро ба соҳибкорон ва сармоягузорон бояд куллан дигар кунем”, – гуфта буд Давлаталӣ Саид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...