“Истиқлол” муқобили “Персеполис”. Кӣ ғалаба мекунад?

Имрӯз дар Теҳрон вохӯрии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) байни дастаҳои Персеполис” (Эрон) ва “Истиқлол” (Тоҷикистон) доир мегардад. Сармураббии дастаи “Истиқлол” Игор Черевченко ва ҳимоятгари даста Аҳтам Назаров дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ иштирок карданд. Игор Черевченко ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки аз бозии хеле душвор интизорӣ дорад. “Вазъият […]

Имрӯз дар Теҳрон вохӯрии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) байни дастаҳои Персеполис” (Эрон) ва “Истиқлол” (Тоҷикистон) доир мегардад.

Сармураббии дастаи “Истиқлол” Игор Черевченко ва ҳимоятгари даста Аҳтам Назаров дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ иштирок карданд.

Игор Черевченко ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки аз бозии хеле душвор интизорӣ дорад.

“Вазъият чунин аст, ки ба ҳама холҳову ғалабаҳо даркоранд. Мебинем, ки бозӣ чӣ гуна мешавад, баъд хулоса мебарорем”, – изҳор доштааст ӯ.

Тибқи арзёбии сармурабии дастаи Тоҷикистон, “Персеполис” тими хеле хуб аст.

«Ҳарчанд дар ҳайати он мисли дигар дастаҳо ситораҳо вуҷуд надоранд, лекин  онҳо хеле ботартиб бозӣ мекунанд. Дар хатҳо амалан ягон нуқтаи заиф вуҷуд надорад, бозигарон дар майдон чӣ кор карданро медонанд, ин як дастаи хеле зудҳаракат мебошад”, – иброз доштааст Черевченко.

Ҳимоятгари дастаи «Истиқлол» Аҳтам Назаров изҳори умедворӣ кард, ки ин бозии хуб хоҳад буд.

“Мо бо “Персеполис” қаблан бозӣ карда, паҳлӯҳои қавӣ ва заъифи онро медонем. Кӯшиш мекунем, ки арзанда бозӣ кунем”, – ваъда дод бозигар.

Коршиносон бештар пирӯзии “Персполис”-ро дар ин бозӣ пешгӯӣ мекунанд, зеро дастаи Эрон айни замон дар ҳолати хуб қарор дошта, дар 8 бозии охир 6 ғалаба ба даст овардааст.

Ин бозӣ соати 21:00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и Теҳрон оғоз мегардад.

Бо ин далел низ қобили зикр аст, ки ин дастаҳо дар доираи марҳлаи 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ду сол пеш бо ҳам вохӯрда, дар ин бозӣ “Персеполис” дар мизбонӣ бо ҳисоби 1:0 дастболо шуда буд.

Пас аз ду давр дар гурӯҳи “Е”-и Лигаи қаҳрамонҳои Осиё Истиқлол бо касби 1 хол – баъди мусовӣ бо “Ал-Дуҳайл” зинаи охирро ишғол мекунад. Дастаи Тоҷикистон тавре ки интизорӣ мерафт, аз тими Криштиану Роналду бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Ахиран дар дастаи “Истиқлол” мушкили ба вуҷуд овардани лаҳзаи голзанӣ ва тӯбро ба дарваоза ворид намудан ба мушоҳида мерасад, аз ин рӯ, имкони даста ба ғалаба пасттар арзёбӣ мегардад.

Лекин на ҳама вақт пешгӯиҳо дуруст мебароянд ва умед ҳаст, ки дастаи "Истиқлол" муъҷиза барпо карда, қаҳрамони Эронро шикаст медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.