“Ҳадаф бозтоби воқеият аст”. Рӯзноманигорони афғонистонӣ дар Фаронса расонаи нав таъсис додаанд

Рӯзноманигорони афғонистонии муқими Фаронса расонае бо номи “Бино” таъсис доданд, ки бо чанд забон ҳама гуна ахбори сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзишии Афғонистонро пӯшиш медиҳад. Дар ин бора бахши дарии Радиои Озодӣ иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, расонаи мазкур рӯзи 21-уми октябр ба кор оғоз кардааст ва барномаҳои худро бо забонҳои миллии Афғонистон ва фаронсавиву […]

Рӯзноманигорони афғонистонии муқими Фаронса расонае бо номи “Бино” таъсис доданд, ки бо чанд забон ҳама гуна ахбори сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзишии Афғонистонро пӯшиш медиҳад. Дар ин бора бахши дарии Радиои Озодӣ иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, расонаи мазкур рӯзи 21-уми октябр ба кор оғоз кардааст ва барномаҳои худро бо забонҳои миллии Афғонистон ва фаронсавиву англисӣ ба эфир медиҳад.

Ҷалол Мирзод, яке аз масъулони ин расона ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳадаф аз таъсиси ин расона дар берун аз марзҳои Афғонистон зинда нигоҳ доштани озодии баён ва бозтоби воқеият аст.

“Бо омадани Толибон* ва суқути ҷумҳурӣ озодии баён пахш шуд ва расонаҳо озодии худро аз даст доданд. Ба рӯзноманигорон бо роҳҳои гуногун таҳдид мекунанд ва онҳо ҳаққи дастрасӣ ба иттилоъро надоранд. Бо назардошти ин вазъият таъсиси расона дар берун аз марзҳои Афғонистон дар нигоҳ доштани машъали озодии баён ва бозтоби воқеъиятҳо хеле муҳим аст”, – гуфтааст Ҷалол Мирзод.

Ба гуфтаи ӯ, расонаи “Бино” 15 хабарнигор дорад, ки 4 нафари онҳо зан ҳастанд. Буҷаи расонаи навро хабарнигорон ва фаъолони расонаҳо таъмин мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки гузоришҳои зиёд дар бораи маҳдуд кардани фаъолияти расонаҳо ва хабарнигорон аз сӯйи ҳукумати Толибон дар дохили Афғонистон мунташир мешавад.

Бар асоси иттилои Созмони пуштибонӣ аз расонаҳои озод дар Афғонистон (NAI), аз замони сари қудрат омадани Толибон дар кишвар фаъолияти 281 расона қатъ шуда, аз 11 ҳазору 858 корманди расонаҳо ҳоло ҳамагӣ 4500 нафари онҳо дар Афғонистон фаъолият доранд.

Ба гуфтаи ин созмон, аз 4000 бонуи рӯзноманигор ва корманди расонаҳо, ки то замони ҳукумати Толибон кор мекарданд, ҳоло ҳамагӣ 1000 нафарашон кор мекунанд.

Аммо Толибон сабаби масдуд шудани ин расонаҳо дар Афғонистон ва бекории хабарнигоронро на маҳдудият дар кори онҳо, балки ба адами пуштибонии молӣ марбут медонад.

Ҳамчунин, Толибон ҳамеша изҳороти рӯзноманигорон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигоронро рад карда ва гуфтаанд, ки аз фаъолияти расонаҳо ва хабарнигорон бар пояи манофеи миллӣ ва дар чаҳорчӯби шариати исломӣ пуштибонӣ мекунанд.

Илова бар ин, Толибон дар чанд маврид ба боздошт ва латукӯби хабарнигорон муттаҳам шудаанд.

Ҳарчанд ҳукумати Толибон иддаъо дорад, ки ҳеҷ хабарнигорро барои фаъолиятҳои расонаӣ боздошт накардааст, аммо тибқи гузоришҳои бархе аз созмонҳои пуштибон аз расонаҳо, Ромин Расулӣ дар Кобул, Султон Алии Ҷаводӣ дар Дайканд ва Аминуллоҳ Аламӣ дар Форёб дар ҳоли ҳозир дар боздошти Толибон ҳастанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.