“Муносибатро бояд дигар кунем”. Интиқоди Давлаталӣ Саид аз бахши сайёҳӣ ва сармоягузорӣ дар Хатлон

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон пас аз узви Маҷлиси миллӣ шудан, дар ҳузури вакилони халқи вилоят аз бахши сайёҳӣ ва сармоягузорӣ интиқод кард. “Соли 2022 ҳамагӣ 16 ҳазор сайёҳ ба вилояти Хатлон омадааст. Дар ҳоле, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ин рақам 1 миллион нафар аст”,- гуфт раиси вилоят. Давлаталӣ Саид сабаби кам будани сайёҳонро муаррифӣ […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон пас аз узви Маҷлиси миллӣ шудан, дар ҳузури вакилони халқи вилоят аз бахши сайёҳӣ ва сармоягузорӣ интиқод кард.

“Соли 2022 ҳамагӣ 16 ҳазор сайёҳ ба вилояти Хатлон омадааст. Дар ҳоле, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ин рақам 1 миллион нафар аст”,- гуфт раиси вилоят.

Давлаталӣ Саид сабаби кам будани сайёҳонро муаррифӣ карда натавонистани вилоят ва набудани зерсохтори зарурӣ номид.

“Мефаҳмам, маблағгузорӣ маҳдуд аст, вале метавон гирду атрофи ёдгориҳои таърихиро тозаю озода  нигоҳ дошт”, – гуфт Давлаталӣ Саид.

Ӯ таъкид намуд, ки минбаъд зимни сафарҳояш ба шаҳру ноҳияҳо аз ҳолати ёдгориҳои таърихӣ ҳатман дидан хоҳад кард.

Ҳамчунин, Давлаталӣ Саид ҷалби сармояи мустақимро нокифоя хонда, таъкид кард, ки дар вилоят ҳамагӣ се – чор лоиҳаи сармоягузории мустақим аст ва он ҳам саҳми масъулини вилоят нест.

“Вилояти Хатлон имкониятҳои зиёд дорад. Мо бояд фазои беҳтар барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя бисозем. Муносибатро ба соҳибкорон ва сармоягузорон бояд куллан дигар кунем”,- гуфт раиси вилоят.

Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ дастур додааст, то муносибат бо соҳибкоронро хуб кунанд.

“Аз ҳоли соҳибкорон хабар гиред ва барои ҳалли мушкилашон кӯмак кунед”, – таъкид намуд Давлаталӣ Саид.

Ӯ зарурати тақвияти шарикии давлат ва бахши хусусиро ёдовар шуда, зикр намуд, ки бо ин роҳ метавон бисёре аз мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоии вилоятро ҳал кард. Аз ҷумла, тавассути зиёд кардани мактабҳо, кӯдакистонҳо ва марказҳои хизматрасонии тиббии хусусӣ мешавад мушкили соҳаи маориф ва тандурустиро то андозае ҳал кард.

Ёдовар мешавем, ки ин суханонро Давлаталӣ Саид дирӯз, 21-уми июн, пас аз узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб шудан, дар ҳузури вакилони халқи вилояти Хатлон иброз дошт. Ӯ дар ин курсӣ раси пешини вилоят, Қурбон Ҳакимзодаро иваз намуд, ки чанде пештар вазири кишоварзӣ таъин гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.