Сокини 17-солаи пойтахт ду нафар ҷавонро бо корд захмӣ кард

Сокини 17-солаи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар ҳамла бо корд ва захмӣ кардани ду ҷавон боздошт шуд. Тавре ки дар сомонаи ВКД хабар дода мешавад, ӯ ба авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард айбдор карда мешавад. Гуфта мешавад, ҳодиса шаби рӯзи 19 июн дар назди майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Сино рух додааст. “Тибқи […]

Asia-Plus

Сокини 17-солаи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар ҳамла бо корд ва захмӣ кардани ду ҷавон боздошт шуд.

Тавре ки дар сомонаи ВКД хабар дода мешавад, ӯ ба авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард айбдор карда мешавад.

Гуфта мешавад, ҳодиса шаби рӯзи 19 июн дар назди майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Сино рух додааст.

“Тибқи маълумоти пешакӣ, гумонбаршуда бо ду нафар ҷавонони синни 19 ва 23-сола ба муноқиша пардохта, бо корд ба бадани онҳо зарба мезанад ва сипас ҷойи ҳодисаро тарк мекунад”, – омадааст дар хабар.

Дар бораи сабабҳои сар задани муноқиша дар хабари Вазорат чизе гуфта нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ҳардуи ҷавонон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.