Дар Душанбе бар асари як садама 4 нафар ҷон бохта, 2 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд

Дирӯз, 21-уми июн, бар асари бархӯрди автомашинаи тамғаи “БМВ” бо “Мерседес” дар шаҳри Душанбе 4 нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар пойтахт иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин садама дирӯз соати 17:20 дақиқа рух додааст. “Ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди транзитиаш С0496 […]

Дирӯз, 21-уми июн, бар асари бархӯрди автомашинаи тамғаи “БМВ” бо “Мерседес” дар шаҳри Душанбе 4 нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар пойтахт иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин садама дирӯз соати 17:20 дақиқа рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди транзитиаш С0496 j07, Ҳабибзода Орзу ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Н.Ганҷавӣ ба самти кӯчаи Сомон, дар назди тарабхонаи “Чаманоро” ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес”, рақамҳои қайди давлатиаш 3177МВ01 бархӯрдааст”, – менависад РВКД.

Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ронанда ва 3 нафар мусофири автомашинаи тамғаи “Мерседес” ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамзамон, ронанда ва як нафар мусофири автомашинаи тамғаи “БМВ” ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур, маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Бояд гуфт, Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати ин ниҳод дар Душанбе қариб ҳар рӯз аз садамаи нақлиётӣ дар пойтахт ва гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2022 дар натиҷаи 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.