Газу бензин дар Тоҷикистон камчин шуд: ронандагон сӯзишворӣ меҷӯянд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар пасманзари болоравии идомадоштаи нархҳо ба газу бензин, акнун дар Тоҷикистон камчинии сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши он ба мушоҳида мерасад.

Дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи гази моеъ ба 8 сомонӣ расида, дар нуқтаҳое, ки он арзон аст, лимит ҷорӣ шудааст.

Дар нуқтаҳо сӯзишвории барои як рӯз пешбинишуда дар ду-се соат фурӯхта шуда, то рӯзи дигар фурӯши он қатъ мегардад.

Ронандагон шикоят мекунанд, ки барои ёфтани сӯзишворӣ аз як нуқта ба дигар нуқтаи фурӯш сарсону саргардон мешаванд.

Ба гунаи мисол, субҳи имрӯз як ронанда, сокини шаҳри Душанбе шикоят дошт, ки пайиҳам дар 4 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бензин наёфтааст.

Кормандони нуқтаҳои фурӯш мегӯянд, нархи яклухт ба гази моеъ ва бензин боло рафта, намедонанд, ки пагоҳ нарх чӣ гуна мешавад.

Аввалин шуда ба болоравии нарх мусофирбарони хусусӣ “таваҷҷуҳ зоҳир намуданд” ва арзишии кирокаши 7-сомонӣ то ба 10-сомонӣ расид.

Нархи равуо аз пойтахт ба баъзе ноҳияҳо низ 3-5 сомонӣ зиёд шуд.

Дар нимаи аввали соли 2023 аз ҷониби 30 ширкати таҳвилгар ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии ҳудуди 100 млн доллар зиёда аз 174 ҳазор тонна бензини навъҳои гуногун ворид карда шуд. Аз ин миқдор 59%-аш ба ҳиссаи ширкати “Газппомнефт-Тоҷикистон” рост меояд.

Қобили зикр аст, ки маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон асосан аз Русия (85,4%), инчунин аз Қазоқистон (5,1%), Туркманистон (4,4%), Ӯзбекистон (2,6%) ва дигар кишварҳо (2,5%) оварда мешавад.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 ба интиқоли гази моеъ ба ҷумҳурӣ 14 ширкат машғул шуда, ба маблағи умумии зиёда аз 66 млн доллар аз ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ворид кардаанд.

Гази моеъ ба Тоҷикистон умдатан аз Қазоқистон (73,5%) ва аз Русия (ҳудуди 24,7%) ворид карда мешавад.

Тавре ки маълум аст, айни замон дар Қазоқистон манъи содироти газ амал карда, дар Русия талошҳои вайрон кардани монополияи содироти “Газпром” ва ҷараёни бозтақсими ин маҳсулот сурат гирифта истодааст. Дар натиҷа натанҳо Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар ҳаҷмҳои нисбатан камтар ин маҳсулотро дастрас мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...