Бидуни иҷозаи Шӯрои бадеӣ, аммо баъди мувофиқа бо мақомоти дахлдор. Посухи Вазорати фарҳанг оид ба чопи китобҳо

Дар Вазорати фарҳанг ягон дастуре содир нашудааст, ки нашриёт китобҳоро танҳо баъди иҷозати Шӯрои бадеӣ нашр кунанд, вале онҳо муваззафанд, пеш аз нашр ҳар гуна китобро бо мақомотҳои дахлдор мувофиқат намоянд. Ин нукта дар посухи Вазорати фарҳанг ба мактуби “Азия-Плюс” зикр гардидааст. Дар зери мактуб муовини вазир Давлат Сафарзода имзо гузоштааст. Чанде пеш пойгоҳи хабарии halva.tj […]

Дар Вазорати фарҳанг ягон дастуре содир нашудааст, ки нашриёт китобҳоро танҳо баъди иҷозати Шӯрои бадеӣ нашр кунанд, вале онҳо муваззафанд, пеш аз нашр ҳар гуна китобро бо мақомотҳои дахлдор мувофиқат намоянд. Ин нукта дар посухи Вазорати фарҳанг ба мактуби “Азия-Плюс” зикр гардидааст. Дар зери мактуб муовини вазир Давлат Сафарзода имзо гузоштааст.

Чанде пеш пойгоҳи хабарии halva.tj бо истинод ба суханронии Давлат Сафарзода дар семинар-машварате, ки рӯзи 15-уми сентябр бо ҳузури масъулини соҳаи табъу нашр ва матбуот дар Вазорати фарҳанг баргузор гардид, иттилоъ дода буд, ки “аз ин ба баъд тамоми нашриёту матбааҳо, новобаста ба шакли фаъолияташон (хусусӣ ё давлатӣ), тамоми намуди китобҳоро дар мувофиқа бо Шӯрои бадеъии Вазорати фарҳанг нашр хоҳанд кард”.

Ин ниҳод дар мактуб навишт, “дар Вазорати фарханг ягон дастуре содир нашудааст, ки чопи китобҳоро танҳо баъди иҷозати Шӯрои бадеӣ иҷозат диҳад”.

“Дар нашриётҳои ҷумҳурӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, муҳаррирон фаъолият менамоянд, ки масъулияти хондану барои чоп розигӣ додан ва ё барои гирифтани хулоса ба ниҳодҳои дахлдор пешниҳод намудани асарҳоро доранд. Шарт нест, ки асарҳо ҳатман аз Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг гузаранд. Вале агар нашриёт зарур шуморад, метавонад барои гирифтани хулоса дар бораи асар ба вазорат муроҷиат намояд”, – омадааст дар мактуб.

Вале дар идома таъкид шудааст, ки “тибқи қонун чопи асарҳое, ки ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстримистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунанд, мань аст”.

Тавре дар мактуб омадааст, нашриёти кишвар аз Вазорати фарҳанг Шаҳодатномаи баҳисобгирӣ ба муассисаҳои табъу нашр ва матбуот мегирад, ки дар он пеш аз нашри ҳар гуна китоб мувофиқа кардан бо мақомоти дахлдор тавсия дода шудааст.

“Нашриёт чопи китобҳои дарсӣ, адабиёти илмӣ, сиёсӣ ва диниро танҳо бо тавсияи мақомоти дахлдор бояд амалӣ созанд. Ҳар як асаре, ки ба нашриёт пешниҳод мегарданд, бояд ба мақомоти дахлдор: асарҳои адабӣ ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, илмӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик”, динӣ ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тиббӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд”, – омадааст дар мактуби Вазорати фарҳанг.

Дар ҳамин ҳол, таъкид гардидааст, ки “дар Вазорати фарҳанг рӯйхати асарҳои интишорашон мамнӯъ вуҷуд надорад ва Вазорат дар масъалаи нашри китоб дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад”.

Хабари минбаъд танҳо бо иҷозаи Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг чоп шудани китобҳо дар ҳоле нашр гардид, ки баҳсҳо атрофи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-и роҳбари беморхонаи “Ибни Сино” Абдухалил Холиқзода идома дорад.

Ин китоб, ки дар нашриёти хусусии “Эр-Граф” нашр шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдро ба миён овард. Гурӯҳе онро асари шарҳиҳолӣ унвон карда бошанд, теъдоде муҳтавои баъзе аз қисматҳои онро қобили қабул надонистанд ва аз нашри он интиқод карданд.

Нафароне ҳам буданд, ки пешниҳоди барқарор кардани “Главлит”, ниҳоде, ки дар замони Шӯравӣ нашри китобҳоро назорат мекард, шуданд ва зикр карданд, ки тамоми китобҳо бояд пеш аз нашр аз назари мақомоти масъули давлатӣ гузарад.

Айни ҳол муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ва Абдуқодири Рустам, яке аз нависандагони номаш дар асар зикршуда, боздошт шудаанд.

Додситонии кул ҳардуи онҳоро барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ гумонбар донистааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.