Бохти “Истиқлол” аз “Персеполис”. Дастаи футболи Душанбе имкони баромад аз гуруҳро дорад?

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври сеюми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё 2023-2024 аз дастаи “Персеполис”-и Теҳрон бо ҳисоби 2 – 0 шикаст хӯрд. Ҳар ду голи “Персеполис”-и Теҳронро футболбози ин даста Саид Содиқӣ ба ҳадаф расонид ва дар ниҳоят, беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид. Бозии мазкур дирӯз, 24-уми октябр, дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и шаҳри Теҳрон бо […]

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври сеюми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё 2023-2024 аз дастаи “Персеполис”-и Теҳрон бо ҳисоби 2 – 0 шикаст хӯрд.

Ҳар ду голи “Персеполис”-и Теҳронро футболбози ин даста Саид Содиқӣ ба ҳадаф расонид ва дар ниҳоят, беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид.

Бозии мазкур дирӯз, 24-уми октябр, дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и шаҳри Теҳрон бо ҳузури 36 ҳазору 450 тамошобин баргузор гардид.

Дар ҳайати дастаи “Персеполис” ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ханонов низ ба мақдон баромад ва 90 дақиқа бозӣ кард.

Ҳамин тавр, дастаи “Истиқлол” пас аз даври сеюм бо 1 мусовӣ ва ду мағлубият соҳиби 1 хол гардидааст. Бо назардошти таносуби манфии голҳо (1-5) “Истиқлол” дар мақоми охирини гуруҳи  “Е” қарор дорад.

Дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо сардории Криштиану Роналду, ситораи футболи тими миллии Португал, дар се бозии баргузоркарда 3 ғалаба ба даст оварда, бо касби 9 хол, мақоми аввалро дар гуруҳ соҳиб шудааст.

Дастаи “Персеполис”-и Эрон бо ду ғалаба ва як мағлубият 6 хол ба даст оварда, мақоми дуюмро касб кардааст.

Дастаи “Ад-Дуҳайл”-и Қатар бошад, бо як мусовӣ ва ду мағлубият, аммо бо таносуби беҳтари голҳо (3-5) дар мақоми сеюм ҷойгир шудааст.

Ҳарчанд дастаи “Истиқлол”–и Душанбе айни ҳол дар мақоми охири гуруҳ қарор дорад, аммо ҳоло имкони баромад аз гуруҳро аз даст надодааст.

Ҳоло се даври дигари бозиҳо дар пеш аст ва дар сурати муваффақият “Истиқлол” метавонад ба марҳилаи дигари мусобиқа роҳхат пайдо кунад.

Ҷадвали бозиҳои “Истиқлол”:

Даври 4-ум

7-уми ноябр

“Истиқлол” – “Персеполис”

Даври 5-ум

27-уми ноябр

“Ад-Дуҳайл” – “Истиқлол”

Даври 6-ум

5-уми декабр

“Истиқлол” – “Ан-Наср”

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.