“Мардуми Фаластин 56 сол шуд зери ишғоланд”. Дабири кулли СММ, дар баробари Ҳамос, амалкарди Исроилро низ интиқод кард

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид зимни як баромади худ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин созмон дар баробари ҳамлаи Ҳамос, аз амалкардҳои Исроил низ тунд интиқод кард. Ҷаноби Гутерриш гуфт, “ардуми Фаластин 56 сол шуд зери ишғоланд” ва “куштори 1400 нафар дар як холигоҳ рух надодааст”. Ӯ дар робита ба мушакборони Навори Ғазза аз […]

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид зимни як баромади худ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин созмон дар баробари ҳамлаи Ҳамос, аз амалкардҳои Исроил низ тунд интиқод кард.

Ҷаноби Гутерриш гуфт, “ардуми Фаластин 56 сол шуд зери ишғоланд” ва “куштори 1400 нафар дар як холигоҳ рух надодааст”.

Ӯ дар робита ба мушакборони Навори Ғазза аз ҳамлаи гуруҳи Ҳамос ба Исроил интиқод кард, аммо дар баробари ин, амалкардҳои Исроилро низ маҳкум намуд.

“Аммо шикваҳои мардуми Фаластин наметавонад ҳамлаҳои мудҳиши Ҳамосро сафед кунад. Ва ин ҳамлаҳои мудҳиш наметавонад муҷозоти дастаҷамъии мардуми Фаластинро сафед кунад”, – таъкид кард Гутерриш.

Дар пайи ин, Гилад Эрдан, сафири Исроил дар СММ аз дабири кулли СММ хост, истеъфо диҳад. Ӯ гуфт, ин гуна изҳорот барои роҳбари ин созмон “ношоист” аст.

Вазири хориҷаи Исроил Элӣ Коэн низ гуфт, дигар бо Гутерриш мулоқот нахоҳад кард ва аз даъвати ӯ барои оташбас дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ки рӯзи сешанбе, 24-уми октябр, дар Ню-Йорк баргузор шуд, интиқод кард.

Дар нишасти мазкури Шӯрои амният Исроил даъватҳои оташбасро нодида гирифт ва гуфт, ки бо Ҳамос ҷангро идома медиҳад.

“Даргирӣ”-ҳои дипломатӣ дар ҳоле ҷараён дорад, ки дар Ховари Миёна ҷанги воқеӣ авҷ мегирад ва Навори Ғазза бо хатари фалокатбори гуманитарӣ рӯбарӯ аст.

Ин дар ҳолест, ки вазорати тандурустии Ғазза ба раҳбарии Ҳамос гуфт, дар тӯли 24 соат дар асари ҳамлаҳои ҳавоии Исроил беш аз 700 фаластинӣ кушта шудаанд, ки баландтарин теъдоди қурбониёни рӯз аз замони оғози бомбгузорӣ аст.

Ба навиштаи нашрияи New York Times, аз замони оғози ҷанг дар ҳамлаҳои Исроил беш аз 5700 фаластинӣ кушта шудаанд. Вазорати тандурустии Фаластин хабар медиҳад, ки беш аз 2 ҳазор кушташудагон кӯдакони фаластинӣ мебошанд.

Дар Исроил бошад, 1400 нафар ҷон бохтаанд. Теъдоди охирини гаравгонҳои исроилӣ 222 нафар эълон шуд, ки дирӯз, 24-уми октябр, Ҳамос ду нафар занони солхӯрдаи исроилиро озод кард. Ин занҳо пас аз озодӣ ба хабарнигорон гуфтаанд, ки “муносибати гурӯҳи Ҳамос бо мо хуб буд”.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Арико гуфт, ки қабл аз гуфтугӯ дар бораи оташбас бояд ҳамаи гаравгонҳо озод карда шаванд.

Ҳоло ҳам Навори Ғазза пурра муҳосира шуда, шароити гуманитарӣ дар он ваҳим мегардад. Исроил ба ҳуҷуми заминӣ ба ин минтақа омода мешавад.

Бояд гуфт, ки даргириҳои ахир дар Ховари Миёна 7-уми октябр дар пайи ҳамлаи Ҳамос ба Исроил оғоз шуд. Ин бузургтарин ҳамлаи гурӯҳи Ҳамос дар 50 соли охир ба Исроил гуфта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.