Дар Тоҷикистон ба таҳияи қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ оғоз карданд

Вохӯрии аввали аъзои Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар Душанбе доир гардид. Гурӯҳи корӣ бар асоси қарори палатаи поёнии прарлумони кишвар аз 2 октябри соли ҷорӣ таъсис дода шудааст. Ба ҳайати он вакилони палатаи поёнии парлумон, намояндагони президенти кишвар, Вазорати адлия, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ […]

Вохӯрии аввали аъзои Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар Душанбе доир гардид.

Гурӯҳи корӣ бар асоси қарори палатаи поёнии прарлумони кишвар аз 2 октябри соли ҷорӣ таъсис дода шудааст. Ба ҳайати он вакилони палатаи поёнии парлумон, намояндагони президенти кишвар, Вазорати адлия, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шомил гардиданд, хабар медиҳад ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”.

Иштирокчиёни вохӯрӣ шакл ва тарзҳои кореро, ки минбаъд анҷом медиҳанд, мавриди баррасӣ қарор доданд..

Дар хабар зикр мегардад, ки аъзои гурӯҳи корӣ, инчунин шарикони байналмилалие, ки дар чорабинӣ ширкат доштанд, изҳор намуданд, ки унсурҳои соҳибкории иҷтимоӣ дар ҳуҷҷатҳои барномавӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба таври алоҳида ҷой дода шудаанд. Аммо, онҳо аз ҷиҳати консептуалӣ дар як ҳуҷҷат муқаррар карда нашудаанд. Аз ин рӯ, таҳия ва қабули Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» як иқдоми муҳим ва саривақтӣ дониста мешавад.

Ба гуфтаи роҳбари Гурӯҳи корӣ, раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба назорати регламент Ҷамшед Муртазозода, баррасии таҷрибаи ҷаҳонии соҳибкории иҷтимоӣ нишон дод, ки ин падида дар ҷаҳон нисбатан ҷавон, вале аз лиҳози ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа хеле умедбахш аст.

Ӯ зикр кард, ки бисёре аз кишварҳо барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ба дастгирии соҳибкорӣ манфиатдоранд.

«Дар бисёр кишварҳо соҳибкории иҷтимоӣ аз ҷониби давлат ва инчунин фондҳои гуногуни ғайридавлатӣ дастгирӣ карда мешаванд. Аз нуқтаи назари рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон имкониятҳои аз ҷониби қонунгузорӣ муқарраршуда барои дарёфти фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ ва шарикии давлат ва бахши хусусиро метавон умедбахш арзёбӣ кард», – иброз дошт Муртазозода.

Директори ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” Наргис Зокирова изҳор дошт, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ, тиҷорати оилавӣ ва ба шуғл фаро гирифтани худ барои Тоҷикистон хеле муҳиму рӯзмарра аст.

«Яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ метавонад рушди соҳибкории иҷтимоӣ бошад. Соҳибкории иҷтимоӣ фаъолиятест, ки дар ибтидо ба ҳал ё сабуксозии мушкилоти иҷтимоии ҷомеа дар шароити худтаъминкунӣ ва устуворӣ нигаронида шудааст. Дар асл, он як воситаи тиҷоратӣ барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мебошад, ки бояд ҳал карда шавад.

Соҳибкории иҷтимоӣ тавозуни ҳадафҳои иҷтимоӣ ва ҷузъи тиҷоратӣ мебошад, ки дар он пул на ҳадаф, балки василаи расидан ба ин ҳадафҳои иҷтимоӣ мебошад ва ба соҳибкор имкон медиҳад, ки устувор боқӣ монад ва аз саҳмҳои доимии донорҳо вобаста набошад», – гуфт ӯ.

Зокирова аз ҳамроҳ шудани намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба Гурӯҳи корӣ истиқбол мекунад, ки ба ақидаи ӯ, “ба муносибати гуногунҷабҳа ба ин масъала имкон фароҳам меоварад”.

Вохӯрӣ бо дастгирии Бунёди АвруОсиё дар доираи барномаи “Инноватсияҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби USAID дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Таҳияи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” амалӣ мегардад, гузаронида шуд.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

Соҳибкории иҷтимоӣ як роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути тиҷорат мебошад. Мақсади ҳар як тиҷорат фоида ба даст овардан аст. Аммо тиҷоратҳое ҳастанд, ки ба дастгирии нафақахӯрон, маъюбон ва кӯдакон нигаронида шудаанд. Ин соҳибкории иҷтимоӣ аст.

Бо вуҷуди ин, соҳибкори иҷтимоӣ будан фоидаовар аст: дар баробари ба даст овардани фоида, шумо метавонед ба кӯмаки иловагии молиявии давлат ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ умед бандед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.