Нигаронии муовини раиси Бадахшон аз нархи гарон ва сифати пасти сӯзишворӣ

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Мақомоти масъули Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон талош доранд пеши роҳи гароншавии роҳкиро ва ворид кардану ба савдо гузоштани маҳсулоти сӯзишворӣ ва дорувории пастсифатро гиранд.

Ин  масъала зимни як ҷаласае, ки дирӯз, 30-юми октябр, бо ҳузури муовини раис ва масъулини дахлдори ҳукумати ВМКБ баргузор гардид, баррасӣ шудааст.

Тавре мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар саҳифаи фейсбуки худ иттилоъ медиҳад, муовини раиси вилоят Анвар Иматшозода аз нархи дорувориву сӯзишворӣ ва сифати онҳо интиқод кардааст.

Анвар Иматшозода дар робита ба шикояти баъзе ронандагон аз сифати маҳсулоти сӯзишворӣ, махсусан бензин изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки бензини ба ҳудуди вилоят воридмешуда санҷида шавад.

Пас аз дастрас кардани хулосаи ташхис, иқдоми баъдӣ маълум хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ба ВМКБ асосан аз маркази ҷумҳурӣ маводи сӯхт интиқол мешавад ва бо назардошти дурии роҳ нархи он дар бештари ҳолат аз дигар манотиқи кишвар гаронтар аст. Дар ҷаласаи ҳукумати вилоят гаронии нархи бензин ва кӯшиши баланд бардоштани роҳкиро низ баррасӣ гардидааст.

“Бархе ронандагон, ки ба мусофиркашӣ дар шаҳру навоии вилоят машғул ҳастанд нияти боло бурдани роҳкироро доранд. Ва ҳоло намондагони ҳукумати вилоят талош доранд, то нархи роҳкиро таъғир наёбад ва чораҳои лозима андешида истодаанд”, – гуфт як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ.

Бояд гуфт, ки рӯзи 25-уми октябр Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни як ҷаласаи ҳукумати вилоят аз суръати пасти интернет ва алоқаи оддии мобилӣ дар минтақа ибрози нигаронӣ карда, гуфта буд, ин мушкилот бояд дар кӯтоҳтарин фурсат ҳал карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...