Ҳалокати беш 31 рӯзноманигор дар ҷанги Исроилу Ҳамос

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) эълон намуд, ки аз оғози даргириҳо миёни Ҳамос ва Исроил дар Навори Ғазза 31 хабарнигор кушта шудаанд. Ба иттилои ин кумита, аз миёни кушташудаҳо 26 рӯзноманигори фаластинӣ, чаҳор рӯзноманигори исроилӣ ва як рӯзноманигори лубнонӣ мебошанд. Ин созмон навишта, ки дар ин давра 8 хабарнигор захмӣ ва 9 тани дигар бедарак […]

Муҳаммадшариф Ёрмуҳаммад, Asia-Plus

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) эълон намуд, ки аз оғози даргириҳо миёни Ҳамос ва Исроил дар Навори Ғазза 31 хабарнигор кушта шудаанд.

Ба иттилои ин кумита, аз миёни кушташудаҳо 26 рӯзноманигори фаластинӣ, чаҳор рӯзноманигори исроилӣ ва як рӯзноманигори лубнонӣ мебошанд.

Ин созмон навишта, ки дар ин давра 8 хабарнигор захмӣ ва 9 тани дигар бедарак ва ё боздошт шудаанд.

Ҳамзамон кумитаи мазкур изҳор намудааст, ки дар бораи боздошт, таҳдид ва ғайб задани дигар хабарнигорон таҳқиқот идома дорад.

Дар ин низоъ бархе аз хонаводаҳои хабарнигорон низ кушта шудаанд.

Қаблан шабакаи телевизионии “Ал – Ҷазира” аз кушта шудани аъзои хонаводаи як хабарнигори худ дар ин даргирӣ гузориш дода буд.

Вобаста ба ин Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон аз ҷонибҳои даргир хостааст, ки хушунатҳоро коҳиш диҳанд ва аз ЮНЕСКО хостааст, ки барои ҳифзи рӯзноманигорон тамоми чораҳоро биандешанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки миёни Исроил ва Ҳамос 7-уми октябр даргирӣ оғоз ёфт. Низоъ пас аз ҳамлаи гуруҳи Ҳамос ба Исроил ва куштани 1400 нафар ва ба асорат гирифтани беш аз 200 каси дигар сар шуд.

Дар пайи ин Исроил эълони ҷанг кард ва Навори Ғазза, макони гуруҳи Ҳамосро муҳисира ва мушакборон намуд. Инак бо гузашти се ҳафта аз оғози низоъ беш аз 8000 фаластинӣ, аз ҷумла наздики 3 ҳазор кӯдак кушта шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.