Дар 9 моҳ беш аз 1 млн сайёҳону меҳмонон ба Тоҷикистон омадаанд

Муҳаммадшарифи Ёрмуҳаммад, махсус барои Asia-Plus

Дар 9 моҳи соли равон 2 миллиону 513 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа рафта ва беш аз 1 милиону 27 ҳазор сайёҳону меҳмонон ба кишвари мо ворид шудаанд. Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, теъдоди шаҳрвандоне, ки аз кишвар ба хориҷи мамлакат рафтанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 485,2 ҳазор нафар ё қариб 24 дарсад зиёд мебошад.

“Ҳамзамон, дар ин давра шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, бо назардошти ҳама намуди мақсадҳои сафар аз ҷумла хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра 1 милиону 27,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156,9 ҳазор нафар ё 18 дарсад афзудааст”, – хабар додааст Агентии омор.

Манбаъ таъкид кардааст, ки аз ин шумора 802,3 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 дарсад зиёд мебошад.

Теъдоди бештари шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ворид шудаанд, шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлаптҳои Мустақил мебошанд.

Дар ҷои аввал Ӯзбекистон бо теъдоди 664,8 ҳазор нафар, ҷои дуюм Русия бо теъдоди 248,1 ҳазор нафар қарор доранд ва Қазоқистон бо касби 24,9 ҳазор нафар ҷои сеюмро ишғол менамояд.

Бояд гуфт, ки дар 9 моҳи соли 2022 беш аз 870,7 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон омада буданд, ки аз ин теъдод 685,3 нафарашон чун сайёҳ ба қайд гирифта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин давраи соли 2022 низ шаҳрвандони Ӯзбекистон, Русия ва Қазоқистон дар сархати аввали меҳмонону сайёҳони Тоҷикистон қарор доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...