Дар 9 моҳ беш аз 1 млн сайёҳону меҳмонон ба Тоҷикистон омадаанд

Дар 9 моҳи соли равон 2 миллиону 513 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа рафта ва беш аз 1 милиону 27 ҳазор сайёҳону меҳмонон ба кишвари мо ворид шудаанд. Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, теъдоди шаҳрвандоне, ки аз кишвар ба хориҷи мамлакат рафтанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 485,2 […]

Муҳаммадшарифи Ёрмуҳаммад, махсус барои Asia-Plus

Дар 9 моҳи соли равон 2 миллиону 513 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа рафта ва беш аз 1 милиону 27 ҳазор сайёҳону меҳмонон ба кишвари мо ворид шудаанд. Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, теъдоди шаҳрвандоне, ки аз кишвар ба хориҷи мамлакат рафтанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 485,2 ҳазор нафар ё қариб 24 дарсад зиёд мебошад.

“Ҳамзамон, дар ин давра шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, бо назардошти ҳама намуди мақсадҳои сафар аз ҷумла хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра 1 милиону 27,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156,9 ҳазор нафар ё 18 дарсад афзудааст”, – хабар додааст Агентии омор.

Манбаъ таъкид кардааст, ки аз ин шумора 802,3 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 дарсад зиёд мебошад.

Теъдоди бештари шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ворид шудаанд, шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлаптҳои Мустақил мебошанд.

Дар ҷои аввал Ӯзбекистон бо теъдоди 664,8 ҳазор нафар, ҷои дуюм Русия бо теъдоди 248,1 ҳазор нафар қарор доранд ва Қазоқистон бо касби 24,9 ҳазор нафар ҷои сеюмро ишғол менамояд.

Бояд гуфт, ки дар 9 моҳи соли 2022 беш аз 870,7 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон омада буданд, ки аз ин теъдод 685,3 нафарашон чун сайёҳ ба қайд гирифта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин давраи соли 2022 низ шаҳрвандони Ӯзбекистон, Русия ва Қазоқистон дар сархати аввали меҳмонону сайёҳони Тоҷикистон қарор доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.