Муштзанҳои ҷавони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 9 медал ба даст оварданд

Азия-Плюс

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Остонаи Қазоқистон, ки 23-юми октябр оғоз ва имрӯз, 3-юми ноябр ҷамъбаст шуд, соҳиби 9 медал гардидаанд.

Медали охирин – нуқраро дар ин мусобиқа Ҷаҳонгир Камолов дар вазни то 46кг имрӯз сазовор шуд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 24 варзишгар (13 наврас, 11 ҷавон) намояндагӣ намуда, 1 медали нуқра, 8 медали  биринҷӣ ба даст оварданд.

Аз ҷумла, Мансурхуҷа Муминов дар вазни то 48кг, Билолҷон Иксанов  дар вазни то 50кг, Абубакр Ғафуров дар вазни то 66кг, Зиёратшо Қосимов  дар вазни  то 70кг, Фариноз Абдуллова  дар вазни то  52кг, Мино Аъзамзода  дар вазни то 60кг  байни наврасон соҳиби миедал гардиданд.

Дар байни ҷавонон Меҳроҷ Суфиҷонов  дар вазни то 48кг ва Баҳромбек Ҳотамов  дар вазни то  71кг ба медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Дар маҷмуъ, дар чемпионат байни наврасон 220 варзишгар (147 писар, 73 духтар) ва байни ҷавонон 215 варзишгар (137 писар, 78 духтар) иштирок намуданд.

Аз рӯи натоиҷи мусобиқот дар ҳисоби медалҳо Ҳиндустон ҷои аввал, Қазоқистон ҷойи дуюм ва Ӯзбекистон дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Ғолибону ҷоизадорони чемпионат бо мукофотҳои пулӣ (ҷойи 1-$1000, ҷойи 2-$500, ҷойи 3-$250) сарфароз гардонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон, ки соли гузашта дар Урдун баргузор шуда буд, муштзанҳои тоҷик соҳиби 8 медал – 2 нуқра ва 6 биринҷӣ гардида буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...