Сина мегӯяд, ки ман танг омадам, фарёд каш…

Date:

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев, ки аз театру синамо ва телевизиони тоҷик миёни мардум шинохта шудааст, имрӯз, 6-уми ноябр, 75-солагиашро таҷлил мекунад. Ба ин муносибат мо бо эшон доир ба зиндагии кунунӣ ва андешаҳояш суҳбат намудем.

Маоши кадом зиёӣ ба зиндагии шоиста имкон медиҳад?

– 75-сола шудед. Дар бораи чӣ бештар андеша мекунед ва бо чӣ кор машғул ҳастед?

– Дар фикр кардан кӯдак, аммо дар амал, гумон мекунам, ки 1000 – солаам… Дар 75-солагӣ кор кардан осон нест, барои ҳамин, агар гӯям банди фалон корҳо ҳастам, муболиға мешавад. Бештар менависам.

– Синну сол ба нақшофарӣ дар театру синамо чӣ таъсир мерасонад?

– Вақте синни қаҳрамон ба синни ҳунарпеша мувофиқ нест, мушкил пеш меояд.

– Дар мавсими нави театрӣ оё дар намоише нақш доред?

– Не, дар ин мавсим дар ҳеҷ намоише нақш надорам. Ҳоло бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастам.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– То кадом андоза аҳли театр ҳоло рисолаташонро назди ҷомеа иҷро мекунанд?

– Ҳар театр, бо диди худ рисолат ва тибқи тавоноӣ вазифаашро иҷро мекунад.

– Ҳоло ҳам ба театр тамошобинро баъзан маҷбурӣ мебаранд. Чӣ бояд кард, ки тамошобин худ ба театр равад?

– Реклама ва боз реклама. Намоишҳои театрӣ тарғиб намешаванд, дар матнҳои тарғиботӣ муҳиммият ва доғи рӯз будани мавзӯи онҳо дарҷ намегарданд, ҷомеаро такон намедиҳанд, ки бояд фалон намоишро тамошо кунад. Ин аст мушкил.

– Театр ё синамо? Бароятон кадоме аз инҳо мувофиқтар аст?

– Ман ҳаминро медонам, ки мардум ҳам дар театр, ҳам дар телевизион ва ҳам дар кино маро шинохтаанд.

– Театр бе синамо ва синамо бе театр буда метавонанд?

– Театр бе синамо ҳазорсолаҳо арзи вуҷуд дошт ва пайдоиши синамо ҳам дар оғоз ҳеҷ иртиботе ба театр надошт. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ин ду соҳа он қадар тараққӣ кардаанд, ки метавонанд ҳар яке бо роҳи худ раванд.

– Дар Тоҷикистон бо касби актёрӣ шоиста зистан мумкин аст?

– Маоши кадом зиёӣ ба зиндагии шоиста имкон медиҳад?

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бо зориву бо зӯриву бо зар…

Драммае доред бо номи Кӯҳистонӣ”. Чӣ гуна онро дар 10 рӯз навиштед?

– Бештари асарҳое, ки шӯҳратёб гардидаанд, дар муддати кӯтоҳ навишта шудаанд. Шояд мавзӯъ муаллифро он қадар ба ваҷд меорад, ки вай тамоми масоҳати онро ба якборагӣ мебинад ва мехоҳад он дидаашро ҳарчи зудтар рӯи варақ орад. Зеро чунин муаллиф, чӣ навиштанашро медонад ва чӣ хеле, ки мегӯянд мавзӯъро “аз нуги ангушташ намемаккад”. Ин гуна ҳолат дар эҷодкорон рух медиҳад. Барои мисол, чанд рӯз пеш бо нияти навиштани сенарияи саҳначае барои барномаи “Андарзи Ниёгон” назди ноутбук нишастам. Баъди ба итмом расонидан, дидам, ки он ба сенарияи мукамали филми калонҳаҷм табдил ёфтааст ва аҷобати кор дар он аст, ки онро бо андаке тағйироти ҷузъӣ саҳнабоб ҳам кардан мумкин аст. Иловатан, ҳаҷман он аз “Кӯҳистонӣ” калон аст ва агар маблағе пайдо намоям, дарҳол ба наворбардорӣ оғоз мекунам. Зеро мавзӯи хеле ҷолиб аст.

СПРАВКА ПО ТЕМЕ


Нурулло Абдуллоев 6 – уми ноябри соли 1948 дар ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст. Соли 1975 шӯъбаи актёрии донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, аз ҳамон сол то ҳол ҳамчун ҳунарпеша дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият мекунад. Дар театру кино беш аз 200 нақш офаридааст. Ӯ ҳамчунин, ба ҳайси ровии барномаи овозадори "Беғараз панд" миёни мардум шинохта шудааст. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

– Дар китобхонаи шумо беш аз 5 ҳазор китоб аст. Чӣ гуна ин қадар китобро ҷамъ кардед?

– Гоҳ ба зорӣ (ин ҳақиқат аст), гоҳ ба зӯрӣ (маҷозан), гоҳ ба зар (аксар вақт).

– Охирин китоби хондаатон кадом аст ва охирин бор кай китоб харида будед?

– Чанде пештар аз фурӯшандаи китобҳои кӯҳна “Новеллаҳои фронсавӣ”-ро харидам ва мутолиа кардам.

– Инсоният чизе ихтироъ кардааст, ки китобро иваз карда тавонад?

– Не.

– Ҳунарманде, ки китоб нахонад, кист?

– Мисли муаллимест, ки китоб намехонад.

Вақте ки одамон бо забони тӯпу туфанг гап мезананд…

– Тавре медонем, барномаи овозадори “Беғараз панд” аз Маҳмуд Тоҳирӣ сарчашма мегирад…

– Созандагони барноми мазкур асосан, устодони ман коргардон Музаффар Ғаниев ва Маҳмуд Тоҳирӣ (рӯҳашон шод бод!) буданд. Нахустнамоиши он соли 1975 ба эфир баромад. Ман дар баъзе саҳначаҳои ин намоиш нақшҳо иҷро кардаам… Азбаски чашмони устодам М. Тоҳирӣ фишор дошт ва он кас зери шуои нурафканҳои (прожекторҳои) равшан зиёд истода наметавонистанд, маро соли 1977 чун ровӣ даъват намуданд.

– Мақсади асосии барнома дар чӣ буд ва оё чун яке аз созандагони барнома ҳама он чизе, ки мехостед, ба сомон расондед?

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Инро таошобин медонад. Фақат ҳаминро мегӯям, ки ба ман хеле зиёд мактуб меомад. Мо аз рӯи он мактубҳо саҳначаҳо месохтем ва ба воситаи панди ниёгон ҷавоб мегуфтем.

– Чаро як муддат қатъ шуда буд?

– Дар ин муддат, аз соли 1977 то саршавии нооромиҳо ин намоиш бетанаффус интишор мешуд. Файласуфе мегӯяд: “Вақте ки одамон бо ҳамдигар ба забони тӯпу туфанг гап мезананд – олиҳаҳо (фарҳанг, санъат) хомӯш мемонанд…" Барномаи мазкур чанд бор қатъ гардид ва эҳёи аввалини он меҳнати Асадулло Раҳмонов (Раиси вақти Кумитаи радио ва телевизион. Ҳоло ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масоили кадрӣ. -идора) аст. Баъди ба вазифаи дигар рафтани ӯ барнома бори дигар қатъ гардид.

– Барномаи "Беғараз панд" ҳоло чӣ ҳол дорад?

– Дар симо он алҳол “Андарзи Ниёгон” ном дорад.

Ба фикри шумо як ҷавони намунавӣ чӣ гуна бояд бошад?

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Агар шумо дар дунё як одами намунавиро ёбед, пас ёфтани як ҷавони намунавӣ душворие надорад.

Сина мегӯяд, ки ман танг омадам, фарёд каш…

Шумо дар баробари ҳунарманду ровӣ будан, монолог низ менависед. Ба монологнависӣ чӣ гуна оғоз кардед?

– Чуноне ки Аҳмади Дониш мегӯяд: “Ба ғайр аз худ навиштану худ хондан ва худ гиристан, илоҷе надоштам”. Монолог – ин гуфтори яккаса аст. Яъне гуфтугӯ бо худ, ки ба дарди ман дармон аст.

Қаблан монологҳоятон дар матбуот нашр мешуданд. Ҳоло чаро нашр намешаванд?

– Пас аз гузашти Акбари Саттор (ҷояш биҳишт бод), аксари матбуот электронист ва интернет ҳам сояи ману шумост. Худам саҳифа дорам ва он ҷо мегузорам.

Мо барои чӣ бояд зиндагӣ кунем?

– Барои он ки таваллуд шудаем.

Умари Хайём гутфааст:

Хушбахт касе, ки з-ин ҷаҳон зуд бирафт,

В-осуда касе, ки худ назод аз модар…

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Чаро бархе зиёиҳо меноланд ва оё шумо ҳам аз зиндагии доштаатон нолидаед?

– Ба ин саволатон бо як байти Носири Хусрав посух медиҳам:

Ноларо ҳарчанд мехоҳам, ки пинҳон даркашам,

Сина мегӯяд, ки ман танг омадам, фарёд каш.

– Дар ин шабу рӯз зиндагӣ кардан душвор нест?

– Гардиши рӯзгор тавоноеро нотавон ва нотавонеро тавонгар сохт. Ва ин тавонгари нав он нотавони навро назди худ хост. Хеле сиёсат кард ва ниҳоят пурсид:

– Имрӯз, аҳволи худро чун мебинӣ?

– Ҳамон тавре, ки дирӯз аҳволи ту буд, – ҷавоб дод нотавон.

– Дирӯз аҳволи ман чӣ гуна буд?

– Ҳамон тавре, ки имрӯз аҳволи ман аст…

Ва имрӯз аҳволи аксарият ба ҳамин монанд аст. Касе тавонгар, касе нотавон. Писари кунҷоладузд, бо ҳамон хислати кӯрмушонаи аз падар меросгирифта, имрӯз худро соҳиби мол мешуморад ва соҳиби мол, ночор, ба ин кӯрмуш бояд итоат кунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Аз ҳама чизи бад барои инсон чист?

Ҳасад. Дар рӯзи марги ҳасуд одамон нафаси сабук мекашанд. Ва дуруғ, ки торикии имон аст ва оқибати он шармандагист. 

– Мурдан даҳшат аст?

– Хайём чунин гуфтааст:

Мурдан чу ҳақиқат аст бокам набувад,

Чун нек назистам аз он метарсам…

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...