Иброҳим Раисӣ як рӯз дертар ба Тоҷикистон меояд

Дар нақшаи сафари Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон тағйирот ворид гардида, ӯ як рӯз дертар, 8-уми ноябр, вориди Душанбе хоҳад шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки Иброҳим Раисӣ 7-уми ноябр ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба “Asia-Plus” иттилоъ доданд. Аммо сабаби ба таъхир андохтани сафари раиси ҷумҳури […]

Дар нақшаи сафари Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон тағйирот ворид гардида, ӯ як рӯз дертар, 8-уми ноябр, вориди Душанбе хоҳад шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки Иброҳим Раисӣ 7-уми ноябр ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба “Asia-Plus” иттилоъ доданд.

Аммо сабаби ба таъхир андохтани сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон маълум нест.

Дар доираи ин сафар, рӯзи 8-уми ноябр, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон, ҳамчунин мулоқоти ҷонибҳо дар ҳайати васеъ дар назар аст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки роҳбарони ду кишвар дар нишасти палатаи савдои Тоҷикистон ва Эрон, ки аз 7 то 12-уми ноябр дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Субҳи 9-уми ноябр Иброҳим Раисӣ аз Душанбе ба Тошканд, ки дар он ҷо нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор мешавад, парвоз мекунад.

Бояд гуфт, ки ин дуввумин сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон пас аз интихоби ӯ ба мақоми Президенти Эрон аст.

Ӯ бори аввал 16-уми сентябри соли 2021 бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бо сафари расмӣ ба Душанбе омад ва аз “оғози фасли ҷадид дар муносибати ду кишвар” хабар дод.

Ҳамин тариқ, Эмомалӣ Раҳмон баъди 9 соли таваққуф ба соли 2022 ба Эрон, кишвари форсзабоне, ки дар гузашта шарики стратегии Тоҷикистон ном бурда мешуд, сафар кард.

Бояд гуфт, ки муносибати Тоҷикистон ва Эрон муддате ба далели сӯйитафоҳум дар шинохти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом тира гашта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.