Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) субҳи 9-уми ноябр ба шаҳри Тошканти Ӯзбекистон меравад. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Манбаъ гуфт, сафари президенти Тоҷикистон ба пойтахти Ӯзбекистон ҳамагӣ як рӯз давом мекунад ва бегоҳии рӯзи 9-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон бармегардад.
“Сарвари давлат ҳамроҳи президентони дигар кишварҳо дар ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ширкат мекунаду халос”, – гуфт сухангӯи Президенти Тоҷикистон.
Ӯ афзуд, мулоқоти дуҷониба бо сарони давлатҳои дигар дар назар нест.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 8-9-уми ноябри соли 2023 дар Тошканд нишасти сарони Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор мешавад.
СҲИ соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис ёфтааст ва Тоҷикистон соли 1992 ҳамроҳи Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аъзои он шуд.





