Эмомалӣ Раҳмон барои як рӯз ба Тошканд меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) субҳи 9-уми ноябр ба шаҳри Тошканти Ӯзбекистон меравад. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод. Манбаъ гуфт, сафари президенти Тоҷикистон ба пойтахти Ӯзбекистон ҳамагӣ як рӯз давом мекунад ва бегоҳии рӯзи 9-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) субҳи 9-уми ноябр ба шаҳри Тошканти Ӯзбекистон меравад. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, сафари президенти Тоҷикистон ба пойтахти Ӯзбекистон ҳамагӣ як рӯз давом мекунад ва бегоҳии рӯзи 9-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон бармегардад.

“Сарвари давлат ҳамроҳи президентони дигар кишварҳо дар ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ширкат мекунаду халос”, – гуфт сухангӯи Президенти Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, мулоқоти дуҷониба бо сарони давлатҳои дигар дар назар нест.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 8-9-уми ноябри соли 2023 дар Тошканд нишасти сарони Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор мешавад.

СҲИ соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис ёфтааст ва Тоҷикистон соли 1992 ҳамроҳи Афғонистон, Қазоқистон,  Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аъзои он шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.