Дар Душанбе мушкилоти забон ва фарҳанги кишварҳои ИДМ баррасӣ мешавад

Asia-Plus

Аз 14 то 17-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе 16-умин форуми байналмилалии муколамаи забон ва фарҳанги кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар асри ХХI баргузор мегардад. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин форум таҳти номи “Ташаккули фазои инноватсионии башардӯстона дар ИДМ ва нақши забони русӣ дар шароити бисёрзабонӣ ва бисёрфарҳангӣ” дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав баргузор мешавад.

“Форуми байналмилалӣ дар доираи чорабиниҳое, ки ба рушди муколамаи байнифарҳангӣ, фазои ягонаи таълимӣ ва ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи маориф нигаронида шудаанд, баргузор мешавад”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Таъкид гардид, ки дар форуми мазкур ширкати олимону устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия, Молдова ва Озарбойҷон дар назар аст.

Ҳамчунин, дар идомаи ҳамин форум рӯзҳои 27-29-уми ноябр дар Мински Белорусия конгресси сеюми байналмилалии “Сиёсати забонии кишварҳои ИДМ” баргузор мешавад.

Дар ин конгресс ҳам ширкати олимону устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...