Дар Душанбе мушкилоти забон ва фарҳанги кишварҳои ИДМ баррасӣ мешавад

Аз 14 то 17-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе 16-умин форуми байналмилалии муколамаи забон ва фарҳанги кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар асри ХХI баргузор мегардад. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, ин форум таҳти номи “Ташаккули фазои инноватсионии башардӯстона дар ИДМ ва нақши […]

Аз 14 то 17-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе 16-умин форуми байналмилалии муколамаи забон ва фарҳанги кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар асри ХХI баргузор мегардад. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин форум таҳти номи “Ташаккули фазои инноватсионии башардӯстона дар ИДМ ва нақши забони русӣ дар шароити бисёрзабонӣ ва бисёрфарҳангӣ” дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав баргузор мешавад.

“Форуми байналмилалӣ дар доираи чорабиниҳое, ки ба рушди муколамаи байнифарҳангӣ, фазои ягонаи таълимӣ ва ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи маориф нигаронида шудаанд, баргузор мешавад”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Таъкид гардид, ки дар форуми мазкур ширкати олимону устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия, Молдова ва Озарбойҷон дар назар аст.

Ҳамчунин, дар идомаи ҳамин форум рӯзҳои 27-29-уми ноябр дар Мински Белорусия конгресси сеюми байналмилалии “Сиёсати забонии кишварҳои ИДМ” баргузор мешавад.

Дар ин конгресс ҳам ширкати олимону устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.