Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд бо Шавкат Мирзиёв мулоқот ва дар саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ суханронӣ кард

Date:

Тавре қаблан хабар дода будем, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз, 9-уми ноябр, барои иштирок дар Саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сафар кард.

Қабл аз оғози саммит, Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон ва мизбони чорабинӣ мулоқот намуда, масоили рушду густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима намуд.

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки сафари барои соли оянда тарҳрезишудаи Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҷиҳати инкишофи минбаъдаи робитаҳо ва ба сатҳи иттифоқчӣ баровардани муносибатҳои ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

“Ҷонибҳо барои дар доираи ин сафар баргузор кардани силсилаи чорабиниҳо, аз қабили форуми тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, форуми олимон, ҷавонон, мулоқоти занони пешсаф, шоми дӯстӣ, намоиши муштараки маҳсулот ва чорабиниҳои варзишӣ ба мувофиқа расиданд”, – зикр мешавад дар хабар.

Баъдан, Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ суханронӣ карда, аз ҷумла гуфт, ки масъалаҳои рушди устувори ҳамкорӣ дар доираи ин созмон аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон муайян гардидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Президенти Тоҷикистон таъкид кард, ки новобаста ба афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилии созмон, ки дар айни замон беш аз ду триллион долларро ташкил медиҳад, ҳамаи иқтидори ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзои он то ҳол истифода нагардидааст.

Ҳамчунин, зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати густариши робитаҳои байниҳамдигарӣ, ташкили низомҳои мусоиди ҳамкорӣ дар тамоми бахшҳои иқтисодиёт, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, кумаки ҳамаҷониба ба давлатҳои аъзои Созмон, ки роҳи баромади баҳрӣ надоранд, ташкили робитаҳои мустаҳками нақлиётии дохилиминтақавӣ ва байниминтақавӣ, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва ҳосилнокӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҳамчун ҷузъи муҳими амнияти озуқавории минтақа ва истифодаи манбаъҳои иқтидори барқароршаванда ҳамчун яке аз ҷузъҳои асосии рушди иқтисоди “сабз” ироа намуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Эмомалӣ Раҳмон мушаххасан гуфт, ки “ният дорем дар рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар самти Шарқ-Ғарб ва Осиёи Марказӣ -Ҷанубӣ нақши муносиб гузорем”.

Саммити мазкур ду рӯз 8-9-уми ноябр, бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Туркия, Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва роҳбарони ҳукуматҳои Покистону Қазоқистон баргузор гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...