Фарангис Махкамова: “Марги падар маро ба сафи милитсия овард”

Фарзона Муродӣ, махсус барои "Аsia-Plus"

Солҳои пеш дар Тоҷикистон кор дар сафи милитсия миёни бонувон камтар маъмул буд. Андешае роиҷ буд, ки кор дар сафи милитсия барои мардон хос аст. Аммо ҷараёнҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки сол аз сол духтарони бештар мехоҳанд либоси ҳарбӣ ба бар карда, дар хидмати ватан бошанд. Яке аз чунин духтарони ватандӯсту шуҷоъ ва дар айни замон зебову нозуке, ки бо дарки масъулият либоси ҳарбӣ ба бар кардаааст лейтинанти калони милитсия Фарангис Махкамова мебошад.

Фарангис Махкамова айни замон дар шӯъба ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ба ҳайси нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи кор мекунад ва ба серкории худ нигоҳ накарда, розӣ шуд бо мо бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик, ки имрӯз, 10-уми ноябр, таҷлил мешавад, суҳбат кунад.

Дар 22 солагӣ корманди мақомоти милитсия

Фарангис Махкамова ҳамагӣ 25 сол дорад, аммо ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, ба заноне, ки дучори хушунат ва зӯроварӣ дар оила шудаанд, кӯмак ва ҳам ёрии ҳуқуқӣ мерасонад.

Ӯ мегӯяд, муроҷиати занони дучори хушунат ба шӯъба зиёд шудааст.

“Аксарияти муроҷиаткунандагон аз ҷониби шавҳаронашон латукӯб шудаанд. Мо бо онҳо ва аъзоёни ин оилаҳо робитаи зич дошта, корбарӣ мекунем ва барои устувор шудани оилаҳо мусоидат менамоем”, – мегӯяд Фарангис Махкамова.

Ин корманди ҳалими милитсия дарди занҳои  хушунатдидаро, ки маҷбур шуданд,  ба милитсия муроҷиат кунанд, хуб дарк мекунад, зеро ӯ худ зан аст.

“Занҳои зиёд баъри муроҷиат мегӯянд, ки мо фикр кардем дар милитсия танҳо мардҳо кор мекунанд. Аз ин лиҳоз, бештари онҳо дарди худро ошкор иброз мекунанд ва роҳӣ ҳал мепурсанд”, – таъкид мекунад Фарангис Махкамова.

Давомдиҳандаи касби падар

Азбаски кор дар мақомоти милитсия мушкил ва дар як навбат хатарзо аст на ҳар модар падар розӣ мешавад, ки духтараш дар ин соҳа кор кунад. Аммо модари Фарангис Махкамова баръакс, ҳар бор либоси низомӣ пӯшида ба кор рафтани духтарашро бинад, хурсанд мешавад.

“Аз хурдсолӣ падарам, ки корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буданд, ба корашон, ба либоси низомияшон ҳавас карда, орзу мекардам, калон шуда мисли  он кас  корманди милитсия мешавам. Афсус, 3-юми сентябри соли 2010, вақте Шӯъбаи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Хуҷанд ҳуҷум сурат гирифт, падарам кушта шуданд. Азбаски дар оила ман фарзанди ягона ҳастам, хостам касби падарамро идома дода, номи некашонро зинда нигоҳ дорам”, – зикр мекунад Фарангис Махкамова.

Бо ин мақсад, қаҳрамони мо соли 2015 ба Академияи ВКД дохил шуда, 5 сол таҳсил намуд ва инак, се сол аст, ки дар сафи милитсия кор мекунад.

Дар ин муддате, ки Фарангис Махкамова дар сафи милитсия кор мекунад, дарк кардааст, ки занон низ дар ин соҳа метавонанд муваффақона кор кунанд ва нақши худро гузоранд.

“Махсусан дар ҷомеаи мо, ки занҳо бисёр осебпазир ҳастанд, будани бонувон дар сафи милитсия зарур аст, зеро онҳо бо занҳои мавриди хушунат қароргирифта ва умуман ба мушкил гирифторшуда тезтар забон меёбанд ва аз дарди дили онҳо огоҳ мешаванд. Ҳамин тарв тезтар кӯмак расонида метавонанд”, – мегӯяд Фарангис Махкамова.

Ҳоло Фарангис Махкамова бовар дорад, ки дар соҳаи худ ҳатман муваффақ мешавад ва ба ҷомеа манфиати бештар мерасонад. Ӯ мегӯяд, барои ин, танҳо содиқона меҳнат кардан ва ватанро дӯст доштан кифоя аст.

“Гузашта аз ин, ман мехоҳам руҳи падарам ҳамеша шод бод. Кори падарро мехоҳам идома диҳам. Мехоҳам ба инсонҳои бештар кӯмак кунам. Ва ниҳоят, мехоҳам ҳарчи камтар инсонҳо аз ҷинояткорон зарар бинанд. Барои ин кор тамоми нерӯямро сарф мекунам”, – таъкид мекунад Фарангис Махкамова.

Воқеан роҳе, ки Фарангис интихоб кардааст пуршараф ва ҳадафҳое, ки дар пеш дорад, созандаанд.

Дар ин роҳ ба ӯ муваффақият мехоҳем!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...