Дар пайи шиддати баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар ду соли охир зиндагии сокинони маҳаллаҳои наздимарзӣ ҷиддан тағйир ёфт: сарҳад якҷониба баста шуд, тамоми равобит миёни сокинони марзии ду кишвар канда гардид. Ба ин сабаб сокинони одӣ бо мушкилиҳое рӯ ба рӯ мешаванд, ки ба кору зиндагии онҳо таъсири манфӣ мерасонад, аммо онҳо наметавонанд, чизеро тағйир диҳанду интизору умедвори ҳалли баҳси марзӣ ҳастанд.
Омили аслии баҳс расман номуайян будани хати сарҳад миёни ду кишвар аст. Баҳсҳои дигар, аз ҷумла, роҳ, чарогоҳ ва об, ки муҳимтарини он мебошанд, аз мушаххас набудани хати сарҳад маншаъ мегиранд.
Бештар аз ҳама сокинони маҳалҳои наздимарзӣ ҳалли мусбати ин баҳсро интизоранд, зеро таъсири манфии онро дар ҳаёти рӯзмарраи худ эҳсос карда, дар дуроҳа қарор гирифтаанд.
Нақлҳои талхи деҳқонҳои тоҷик
Файзулло Назаров чандин сол аст, ки дар ноҳияи наздимарзии Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд пахтапарваӣ мекунад. Вай мегӯяд, имсол дар 2 га замин пахта корида буд, аммо ба сабаби камобӣ натавонист, ҳосили хуб гирад.
“Вақти обмонии пахта интиқоли об мушкил шуд ва натавонистам, сари вақт пахтаро об диҳам. Ин дар кишоварзӣ муҳим аст. Аз ин сабаб, аз 2 га замини кишт натавонистам, ҳатто 4 тонна пахта ҷамъ кунам. Солҳои пеш аз ҳамин замин то 8 тонна пахта ҷамъ мекардам. Имсол бо сабаби камчинии об 50 дарсад камтар ҳосил ҷамъоварӣ шуд”, – мегӯяд Файзулло Назаров.
Вай афзуд, агар хароҷоти кардаашро тарҳ кунад, аз кишти имсолаи пахта танҳо зарар дидааст, зеро барои парвариши он пули зиёд сарф карда буд.
“Тухмии пахта, нуриҳои минералии гарон – 300 сомонӣ барои як халта, техникаву коргарҳои кироя истифода бурдам. Бар замми ин, андози заминро пардохт кардам. Ин ҳама хароҷотро чӣ гуна рӯйпӯш кунам?”, – бо изтироб суол мегузорад Файзулло Назаров.
Абдуҳафиз Маҳмудов деҳқони дигари тоҷик низ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пахта кишт карда, бо сабаби камбуди об натавонистааст, ки ҳосили хуб ҷамъ оварад.
“Бо хароҷоти зиёд дар 1 га замин пахта кишт кардам. Аввали баҳор, вақте ки киштро бояд обёрӣ мекардем, интиқоли об қатъ шуд. Нафари аз деҳқонӣ огоҳ медонад, ки киштро дар вақташ об надиҳед, ҳосили дилхоҳ гирифта наметавонед. Ҳамин тавр, пахтаи дилхоҳ ҷамъоварӣ нашуд”, – мегӯяд Абдуҳафиз Маҳмудов.
Вай афзуд, бо мақсади коҳиши зарар дубора ҷуворимакка кишт кард, аммо ин ҳам натавонист, “ба дардаш дармон шавад”. Бо сабаби дер кишт шудани ҷуворимакка он ҳам ҳосили дилхоҳ надод. Акнун ӯ маҷбур ҷуворимаккаро бо ҳосили нопухтааш дарав карда, барои чорвояш хӯрок мекунад.
Ҳар ду деҳқон таъкид мекунанд, ки солҳои қабл аз низоъҳо мушкили норасоии об ба ин ҳад мубрам набуд.
Занҷира
Деҳқонҳои аз беобӣ зарардида дар минтақаҳои наздимарзӣ ва дорои мушкили дастрасӣ ба оби полезие, ки аз Қирғизистон ҷорӣ мешавад, зиёданд. Як сафар ба хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев, Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев, Овчӣ-Қалъача ва Хистеварз метавонад, даҳҳо деҳқонро бароятон ошно намояд, ки бинобар сабаби мушкили дастрасӣ ба оби полезӣ имсол ҳосили хуб нагирифтаанд.
Талафоти пахта ғайр аз худи деҳқон гурӯҳи дигаре аз одамонро низ ноумед кардааст. Инҳо пахтачинҳое мебошанд, ки ба деҳқон барои ғундоштани ҳосил кӯмак карда, маблағ кор мекунанд.
Яке аз чунин пахтачинҳо Саида Каримова, сокини ҷамоати Хистеварз мебошад. Ӯ мегӯяд, чидани пахта барояш даромади иловагӣ меорад, аммо вақте ҳосили пахта хуб нест, даромадаш камтар мешавад.
“Агар ҳосили пахта хуб бошад, дар як рӯз то 100 кг пахта мечинам ва барои ҳар як кило 1 сомонӣ пул мегирам. Аммо агар ҳосили пахта хуб набошад, албатта чидани пахта ҳам душвор ва ҳам камсамар мешавад. Ва табиист, ки дар чунин ҳолат ман камтар маблағ кор мекунам”, – мегӯяд Саида Каримова.
Мушкил ҳаст, аммо…
Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд мегӯяд, соли ҷорӣ танҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар беш аз 1 ҳазор га замин бинобар сабаби камобӣ ҳосили пахта талаф шудааст.
Ҳарчанд ин масъули ҳукумати вилоят сабаби камобиро ошкор намегӯяд, аммо тасдиқ мекунад, ки мушкил воқеан ба миён омада, таъсири худро ба ҳосили пахта расонидааст.
“Тибқи дурнамо, имсол бояд дар майдони 59 ҳазор га замин пахта кишт мешуд, аммо аз сабаби номусоидии обу ҳаво дар майдони 50 ҳазор га замин пахта кишт шуд. Аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосил то имрӯз дар вилояти Суғд 61 ҳазору 447 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Тибқи дурнамо бояд 135 ҳазору 200 тонна пахта ҷамъоварӣ шавад”, – зикр мекунад Абдуазиз Маҳмудзода.
Дарёи Хоҷа-Боқирхон
Бештари заминҳои кишт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тавассути дарёи Хоҷа-Боқирхон (дар Қирғизистон Козу-Баглан) обёрӣ мешавад, ки қисме аз он аз ҳудуди Қирғизистон мегузарад.
Моҳи апрели соли 2021 Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, дар саргаҳи ин дарё се обанбор сохта, “аз онҳо ҳамчун василаи ҳалли баҳси марзӣ истифода мекунанд”.
Он замон аз Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд посух дода буданд, ки дар сурати бунёди обанбор аз ҷониби Қирғизистон, Тоҷикистон метавонад, интиқоли обро тавассути пойгоҳи обкашии Арқа қатъ кунад. Ин пойгоҳ заминҳои ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро аз “Баҳри тоҷик” (обанбори НБО “Қайроққум”, воқеъ дар Тоҷикистон) бо об таъмин мекунад.
Тибқи созишнома дуҷониба, Тоҷикистон барои таъмини аҳолӣ бояд аз дарёи Хоҷа-Боқирхон дар як сония 0,6 м³/с (600 литр/сония) об гирад.
Дар мулоқоти раисони вилоятҳои Суғду Бодканд, ки моҳи июли соли 2021 баргузор шуд, ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки оби полезӣ тавассути маркази тақсими оби “Головной” (Нуқтаи тақсимоти об дар саргаҳи дарёи Исфара, воқеъ дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара. -идора) ва дарёи “Хоҷа-Боқирхон” минбаъд бар асоси ҷадвали ҳарду ҷониб тасдиқкарда интиқол меёбад ва Қирғизистон он ҷадвалро риоя мекунад.
Як масъули ҳукумати вилояти Суғд бо шарти ошкор нашудани номаш гуфт, ки тавофуқи ҳосилшуда на ҳамеша риоя мешавад, аммо ҷониби Тоҷикистон ба хотири халал нарасонидан ба ҷараёни гуфтушунид оид ба мушаххаскунии хати сарҳад ва риояи ҳусни ҳамҷаворӣ ин масъаларо расонаӣ намекунад.
Дар Қирғизистон вазъи чӣ аст?
Муноқишаи марзӣ ва баста шудани сарҳад ба сокинони наздимарзии Қирғизистон низ таъсир расонидааст. Ҳарчанд, бинобар баста будани сарҳад ва ҳассосияти мавзӯъ, ба мо имкон даст надод, ки назари сокинону коршиносони кишвари ҳамсояро дастрас ва инъикос кунем, аммо коршиносони аз вазъ огоҳи тоҷик мегӯянд, сокинони наздисарҳадии ҳамсоякишвар ҳам ба мушкилоти рӯзмарра муваҷеҳ шудаанд.
Абдумуталиб Шарипов, коршиноси тоҷик аз минтақаи наздимарзӣ мегӯяд, то низоъ ва баста шудани сарҳад сокинони деҳаҳои Самарқандак, Кӯктош, Пастиариқ, Оқ-Сой, Учтепаи Қирғизистон аз корхонаҳои коркарди чӯби Исфара зиёд истифода мебурданд, ба тоҷирони тоҷик мева мефурухтанд, аз нонпазҳои тоҷик нон мехариданд, аммо ҳоло ин ҳама мамнӯъ аст.
“Харидорони қолинҳои дастӣ бофтаи сокинони наздимарзии Қирғизистон тоҷирони тоҷик буданд, аммо ҳоло онҳоро намехаранд ва ин таъсири ҷиддӣ ба ин бахш аст”, – мегӯяд Абдумуталиб Шарипов.
Пайрав Чоршанбиев, коршиноси масоили иқтисодӣ аз Тоҷикистон пас аз таҳлили пурраи тиҷорати байни ду кишвар, менависад, ки нишондиҳандаи мазкур баъди бастани сарҳад аз 52 млн доллари ИМА то 15 млн доллаи ИМА, яъне 3,6 маротиба коҳиш ёфтааст. 80 дарсади тиҷоратро содирот аз Қирғизистон ташкил медод. Қисми аъзами он савдо дар бозорҳои сарҳадӣ ва миёни аҳолии оддии наздимарзӣ буд, ки қатъ гардид.
Бо умеде дар дуроҳа
Тибқи охирин маълумотҳо, ҳоло ҷонибҳои расмӣ барои ниҳоӣ кардани баҳси марзӣ мулоқоту музокирот баргузор мекунанд ва баъзе сарчашмаҳо мегӯянд, то охири соли ҷорӣ хати сарҳад мушаххас ва ниҳоӣ гардида, баҳс пӯшида мешавад.
Аммо як нукта рӯшан аст: як тағйирот дар интиқоли оби дарёи Хоҷа-Боқирхон ба ҳосили кишти даҳҳо гектар замин ва зиндагии даҳҳо деҳқону садҳо аъзои оилаи онҳо таъсири манфӣ расонидааст.
Мисли Файзулло Назаров, Абдуҳафиз Маҳмудов ва Саида Каримова, ки ҳамакнун, баъди талафоти ҳосили пахта, дар дуроҳа қарор доранд ва меандешанд: зарарро чӣ гуна метавон рӯйпӯш кард ва зиндагиро чӣ тавр пеш бурд? Магар ягона роҳ муҳоҷират ба Русия аст?
Бо ин вуҷуд, онҳо умедворанд, ки музокирот миёни ду давлат ҳарчи зудтар ба таври мусбат ҳал ва хати марз мушаххас мегардад, интиқоли об танзим мешавад ва онҳо роҳи дурусту рӯшанеро барои худ пайдо мекунанд.


