Рустами Эмомалӣ ба Бишкек меравад

Рустами Эмомалӣ,  раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 16-17-уми ноябр ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар мекунад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад. Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон 16-уми ноябр дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча” ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии […]

Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ,  раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 16-17-уми ноябр ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар мекунад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон 16-уми ноябр дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча” ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ баргузор мегардад, ки дар он сарони ҳайатҳои парлумонӣ ширкат меварзанд. Дар ин ҷаласа масъалаҳои ҷории рӯзномаи маҷлис, ҷамъбасти чорабиниҳои соли 2023 ва мониторинги маъракаҳои интихоботӣ дар ИДМ баррасӣ мегарданд.

Ҳамон рӯз ҷаласаи комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва хамкории байналхалқӣ ва сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон барпо мегардад.

Зимни ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони ИДМ масъалаи калидӣ баррасии амнияти иттилоотӣ дар интернет хоҳад буд.

Рӯзи 17-уми ноябр дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча” ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ баргузор мешавад, ки дар он дар баробари вакилони порлумон намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, олимону коршиносон ширкат мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.