“Рӯзона бо зону ва шабона бо пой роҳ мегардад”. Марде, ки дар Ҳаҷ “роҳ гашт”, бемори рӯҳӣ будааст

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки марде мегуфт, як нафар пас аз 18 соли беморӣ бо адо кардани Ҳаҷҷи умра пойҳояш “ба кор даромадаанд ва маҳз зиёрати хонаи Худо сабаб шуд, ки ӯ шифо ёфт”. “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки ҷузъиёти ин ҳодисаро равшан созад. Дар навор дида мешуд, ки марде бо зонуҳояш […]

Asia-Plus

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки марде мегуфт, як нафар пас аз 18 соли беморӣ бо адо кардани Ҳаҷҷи умра пойҳояш “ба кор даромадаанд ва маҳз зиёрати хонаи Худо сабаб шуд, ки ӯ шифо ёфт”. “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки ҷузъиёти ин ҳодисаро равшан созад.

Дар навор дида мешуд, ки марде бо зонуҳояш ба ҳавопаймо мебарояд ва ҳамон тавр аз ҳавопаймо мефарояд. Эҳтимол ин лаҳзаи ба ҳавопаймо савор шудану берун шудан ва ҳамин тавр ба Ҳаҷ рафтани ӯ аст. Дар лаҳзаи дигари навор ӯ дар масҷиди Набавӣ, дар шаҳри Мадина қарор дорад ва гуфта мешавад, ки ӯ пас аз 18 соли беморӣ бо шарофати тавофи хонаи Худо шифо ёфтааст ва акнун сари по меистаду ҷастухез мекунаду роҳ меравад.

Нашри ин навор дар шабакаҳои иҷтимои вокунишҳои гуногунро ба миён овард.

Маълум шуд, ки ин мард Каримхӯҷа Темурови 70-сола, сокини деҳаи Максим Горкийи ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ будааст.

Як манбаъ аз ҷамоати деҳоти Яккатут ба “Азия-Плюс” гуфт, Каримхӯҷа Темуров оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст ва баъд аз 50-солагӣ ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудааст.

“Темуров дар қайди беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳия аст. Ӯ рӯзона бо зонуҳои худ ва шабона бо пойҳояш роҳ меравад. Ба гуфтаи худаш, ӯ парӣ дорад ва ҳамон париҳо намегузоранд, ки рӯзона бо пойҳояш роҳ равад. Дар асл ӯ худаш ин корро мекард”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи манбаъ, Темуров рӯзҳои 10-24-уми октябр ба Ҳаҷҷи умра рафтааст ва аз рӯи бемории доштааш, рӯзона бо зону ва шабона бо пой роҳ рафтааст. Ин барои ҳамроҳоне, ки бемории вайро намедонистаанд, боиси таваҷҷӯҳ шудаасту онро навор барошта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.

Ҳоло дар хонааш қарор дорад ва ҳамон бемории доштааш боқӣ мондааст.

Манбаъи мо гуфт, баъди нашри навор кормандони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия ва шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳия бо Каримхӯҷа Темуров ҳамсӯҳбат шудаанд.

Абдухолиқ Мӯсозода, ҷонишини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва навбатдории ШВКД-и ноҳия дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки “бо номбурда ҳамсӯҳбат шуда, кирдори хатои кардаашро фаҳмонидаанд”.

“Кормандони мо ба хонаи ҳамон бемор рафтанд, ҳоло ҳам шабона бо пойҳову рӯзона бо зонуҳояш роҳ меравад. Бемор гуфтааст, ки “дар Маккаву Мадина париҳо аз ман дур шуданд, вале ба ватан баргаштаму париҳо боз баргаштанд”, – гуфт Мӯсозода.

Дар навбатдории ШВКД гуфтанд, “дар навор ҳам дида мешавад, ки он мард дар шаҳри Мадина, чун маъмул, шабона бо пойҳояш роҳ рафтааст ва ҳоло вазъи саломатиаш чун пештара аст”.

Кӯшишҳои мо барои дастрас кардани назари худи Каримхӯҷа Темуров, наздикони ӯ ва сардухтури беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бесамар анҷомид. Касе аз онҳо ба зангҳои мо посух надоданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.