Ҳамос ва Исроил ба созиш расиданд. 50 гаравгони исроилӣ бо 150 зану кӯдаки фаластинӣ иваз хоҳанд шуд

Asia-Plus

Ҳукумати Исроил пас аз муҳокимаву баррасиҳои зиёд, шаби гузашта созишнома бо Ҳамос оид ба озод кардани гаравгонҳо ва оташбаси чоррӯзаро мақбул донист.

Тавре BBC бо такя ба манобеи худ дар гуруҳи Ҳамос хабар медиҳад, бар пояи ин созиши Исроил ва Ҳамос 50 гаравгони исроилӣ дар ивази 150 зану кӯдаки фаластинӣ, ки дар зиндонҳои Исроил нигоҳ дошта мешавад, озод хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи Ҳамос, ин тавофуқ ҳамчунин имкон медиҳад, ки садҳо мошини ҳомили кумакҳои башардӯстона, лавозимоти тиббӣ ва сӯзишворӣ вориди Ғазза шаванд.

Зикр мегардад, ки Исроил гуфтааст, ки рейдҳо ва боздоштҳо дар Ғазза ҳангоми таваққуфи даргириҳо қатъ хоҳад шуд.

Ҳамос гуфт, ки дар ин танаффуси чаҳоррӯза ҳаракати ҳавоӣ дар шимоли Ғазза комилан қатъ шуда, ҳама парвозҳо дар ҷануби Ғазза ҳамарӯза аз соати 10:00 то 16:00 ба вақти маҳаллӣ қатъ карда мешаванд.

Бояд гуфт, дар хусуси созиши оташбас миёни Ҳамос ва Исроил дирӯз, 21-уми ноябр, Исмоил Ҳания, раҳбари дафтари сиёсии гурӯҳи “Ҳамос” хабар дода буд.

Хабаргузории Франс-пресс бо истинод ба манобеи худ навишт, ки “созиши оташбас наздик аст” ва бар ивази ин созиш, аз 50 то 100 нафари ғайринизомие, ки аз сӯйи гурӯҳи Ҳамос ва “Ҷиҳоди исломӣ” асир шудаанд, раҳо хоҳанд шуд. Исроил бошад ҳудуди 300 кӯдаки фаластиниро аз зиндонҳои худ раҳо хоҳад кард.

Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7-уми октябр оғоз ёфт. Дар ҳамлаи "Ҳамос" 1200 исроилӣ кушта шуда, ҳудуди 220 ба гарав афтоданд ва ба Ғазза бурда шуданд. Дар 46 рӯзи ҷанг беш аз 13300 фаластинӣ ҷон бохтанд, ки аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...