Аз оғози ҷанги Исроил алайҳи гуруҳи “Ҳамос” 50 рӯзноманигор кушта шудаанд

Date:

Аз оғози ҷанги Исроил алайҳи гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”, ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "террористӣ" эълом гаштааст, дастикам 50 хабарнигор кушта шудааст.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфтааст, 45 хабарнигори кушташуда фаластинӣ, чаҳор тан исроилӣ ва як нафар аз Лубнон ҳастанд. Се корманди расонаҳо бедарак ва 11 кас маҷрӯҳ шуда, 18 нафари дигар дар ҳабс ҳастанд.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки ин рӯзноманигорон дар кадом расонаҳо кор мекарданд.

Ба иттилои созмон, баъди оғози ҷанги Исроил зидди “Ҳамос” ҳамла ба рӯзноманигорон ва таҳдидҳо ба расонаҳо афзоиш ёфта, сензура пурзӯр шудааст.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон як моҳ қабл дар бораи ҳалокати 22 хабарнигор иттилоъ дода буд. Чандин расона, аз ҷумла Би-би-сӣ, Ал-Ҷазира, RT Arabic, ТВ Ал-Арабӣ шикоят карданд, ки ҷониби Исроил ҳангоми бозтоби ҳаводис аз навори Ғазза монеа эҷод мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...