Аз оғози ҷанги Исроил алайҳи гуруҳи “Ҳамос” 50 рӯзноманигор кушта шудаанд

Аз оғози ҷанги Исроил алайҳи гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”, ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "террористӣ" эълом гаштааст, дастикам 50 хабарнигор кушта шудааст. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфтааст, 45 хабарнигори кушташуда фаластинӣ, чаҳор тан исроилӣ ва як нафар аз Лубнон ҳастанд. Се корманди расонаҳо бедарак ва 11 кас маҷрӯҳ шуда, 18 нафари дигар дар ҳабс ҳастанд. […]

centralasian.org

Аз оғози ҷанги Исроил алайҳи гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”, ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "террористӣ" эълом гаштааст, дастикам 50 хабарнигор кушта шудааст.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфтааст, 45 хабарнигори кушташуда фаластинӣ, чаҳор тан исроилӣ ва як нафар аз Лубнон ҳастанд. Се корманди расонаҳо бедарак ва 11 кас маҷрӯҳ шуда, 18 нафари дигар дар ҳабс ҳастанд.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки ин рӯзноманигорон дар кадом расонаҳо кор мекарданд.

Ба иттилои созмон, баъди оғози ҷанги Исроил зидди “Ҳамос” ҳамла ба рӯзноманигорон ва таҳдидҳо ба расонаҳо афзоиш ёфта, сензура пурзӯр шудааст.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон як моҳ қабл дар бораи ҳалокати 22 хабарнигор иттилоъ дода буд. Чандин расона, аз ҷумла Би-би-сӣ, Ал-Ҷазира, RT Arabic, ТВ Ал-Арабӣ шикоят карданд, ки ҷониби Исроил ҳангоми бозтоби ҳаводис аз навори Ғазза монеа эҷод мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.