Ба соҳибкорони Хоруғ барои нақзи қонуни забон огоҳӣ додаанд

Asia-Plus

Дирӯз, 21-уми ноябр, аз ҷониби кормандони мақомот таблоҳои кӯчаю бозорҳои шаҳри Хоруғ санҷида шуда ва ба онҳое, ки қонуни забони давлатиро нақз кардаанд, огоҳӣ дода шудааст. Дар ин бора рӯзномаи “Нигини Хоруғ” хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, санҷиши дирӯзаро гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси шаҳр ва мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ гузаронидаанд.

Ин санҷиш аз бозори марказӣ то бозори 20-солагии Истиқлолияти шаҳри Хоруғ гузаронида шудааст.

“Дар рафти санҷиши гурӯҳи корӣ аз навиштаҷоти шиору овезаҳо ва номгузории мағозаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва дигар марказҳои хидматрасонии маишӣ маълум гардид, ки бархеи онҳо ба талабот ва муқаррароти Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мувофиқат намекунад”, – менависад рӯзномаи ҳукумати шаҳри Хоруғ.

Манбаъ меафзояд, ки барои бартараф кардани камбудҳо ва риоя намудани қонуни забони давлатӣ бо соҳибони марказҳои хидматрасонии маишӣ огоҳӣ додаанд.

Қаблан низ гурӯҳи корӣ барои бартараф кардани нуқсоноти забонии марказҳои хидматрасонии маишӣ санҷиш гузаронидаанд. Дирӯз маълум шудааст, ки онҳо нуқсоноти забонии таблоҳои худро ислоҳ кардаанд ва “ба талабот ҷавобгӯ шудааст”.

Гуфта мешавад, ки санҷишҳои гурӯҳи корӣ барои риоя кардани қонуни мазкур идома дорад.

Бояд гуфт, ки нақзи қонуни забони давлатӣ дар табло яке аз масъалаҳои мубрами саросари кишвар буда, аз ҷониби фаъолони ҷомеа борҳо ин мушкил нақд шудааст.

Барои риоя накардани қонуни мазкур моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Риоя накардани талаботи Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”) ҷарима таъин кардааст, ки барои шахсони воқеӣ ба андозаи аз 15 то 20 нишондиҳанда (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ) ва барои шахсони мансабдор аз 30 то 40 нишондиҳанда мебошад.

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҳам ниҳодест, ки риояти Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро назорат мекунад ва қариб ҳамасола аз сӯи ин кумита рейдҳо гузаронида мешавад.

Аз ҷумла, соли 2022 даҳҳо соҳибкори тоҷик барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур то 1 ҳазору 360 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Аммо ҳамоно ин камбуд комилан бартараф нашудааст ва таблоҳои ҳатто шаҳри калонтарини кишвар – Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар ғалатҳо доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...