Тоҷикон хушбинтарин мардуми Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд

Шохиси эътимоди истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон дар миёни чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ ҳамоно баландтарин боқӣ мемонад. Ин нукта дар пажӯҳиши ҳармоҳаи макроиқтисодии Freedom Finance Global (FFG) зикр гардидааст. Шохиси эътимоди истеъмолкунандагон (CCI) назарсанҷиест, ки эҳсоси хушбинӣ ё рӯҳафтодагии истеъмолкунандагон дар як кишварро муайян мекунад. Дар моҳи октябр нишондиҳандаи Тоҷикистон, бар асоси назарсанҷии 1 ҳазору 200 сокини кишвар, […]

Шохиси эътимоди истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон дар миёни чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ ҳамоно баландтарин боқӣ мемонад. Ин нукта дар пажӯҳиши ҳармоҳаи макроиқтисодии Freedom Finance Global (FFG) зикр гардидааст.

Шохиси эътимоди истеъмолкунандагон (CCI) назарсанҷиест, ки эҳсоси хушбинӣ ё рӯҳафтодагии истеъмолкунандагон дар як кишварро муайян мекунад.

Дар моҳи октябр нишондиҳандаи Тоҷикистон, бар асоси назарсанҷии 1 ҳазору 200 сокини кишвар, 7,8 хол боло рафта, 151 холро ташкил додааст. Ин рақам нисбати дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин дониста мешавад.

Шохиси эътимоди истеъмолкунандагон дар Қазоқистон 103,3, дар Ӯзбекистон 134,4 ва дар Қирғизистон 129,2 холро ташкил додааст.

“Моҳи октябр дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ пайиҳам афзоиш ёфтани эътимоди истеъмолкунандагон мушоҳида шуд. Махсусан, нишондиҳандаи эътимоди истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, тамоми рекордҳоро шикаст”, – менависад FFG.

Манбаъ меафзояд, ки Қазоқистон ҳам бо итминон аз 100 хол гузашта, эътимоди баландтарини истеъмолкунандагонро дар 12 моҳи охир нишон дод.

Гуфта мешавад, ки Ӯзбакистон ва Қирғизистон низ кӯшиш мекунанд, ки пешсаф бошанд.

Муаллифони пажӯҳиш ҳамчунин аз хуб шудани вазъи иқтисодии Тоҷикистон хабар медиҳанд: ҳиссаи онҳое, ки боварӣ доранд, ки иқтисод дар як соли охир беҳтар шудааст, аз 74,8 дарсади моҳи сентябр то 80,7 дарсади моҳи октябр боло рафтааст.

Аммо сарфи назар аз сатҳи баланди хушбинӣ, сокинони Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз ҳама осебпазиртар боқӣ мемонанд ва дар минтақа маоши пасттаринро мегиранд.

Тибқи омори расмӣ, то нимаи дуввуми соли 2023 маоши миёна дар Қазоқистон 807 доллар, дар Ӯзбекистон 358 доллар, дар Қирғизистон 352 доллар ва дар Тоҷикистон 203 доллар мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.